Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар даҳаи аввали моҳи август ҳайати энергетикҳои Ҳиндустон барои ҳалли масъалаҳои марбут ба тҷдиду бозсозии нерӯгоҳи обиву барқии «Варзоб» ба шаҳри Душанбе. меоянд.

Зикр гардид, ки зимни сафар масъалаи татбиқи ёддошти тафоҳум оид ба бозсозии нерӯгоҳ, ки соли гузашта миёни вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон ва вазорати энергетикаву саноати Тоҷикистон ба имзо расида буд, мавриди муҳокима қарор мегирад. Барои амалисозии он ҳукумати Ҳиндустон 13 миллион доллари амрикоӣ бурс ҷудо кард.

«Ҳангоми боздиди ҳайати Ҳиндустон ҳамчунин масъалаи интиқоли гидротурбинаҳои сохташуда дар корхонаҳои Ҳиндустон ва таҳияи реҷаи кории иваз намудани онҳо ҳал хоҳад гардид», - изҳор дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи маълумоти коршиносон, бо таҷдиди нерӯгоҳ имкон пайдо хоҳад шуд, ки иқтидори истеҳсолии он аз 2,3 МВт то 4,4 МВт зиёдтар карда шавад. Нерӯгоҳи «Варзоб» соли 1936 мавриди истифода қарор гирифта, нерӯгоҳи аввалин дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад.