Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар ба бинои собиқи Вазорати молияи Тоҷикистон, ки дар кӯчаи академикҳо-Раҷабовҳои пойтахт ҷойгир аст, кӯчидаанд.
Дар хабарномае, ки Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар сомонааш нашр кардааст, гуфта мешавад, ки фармоиши ҳукумати дар ин бора 30 декабри соли 2021, таҳти рақами 104-ф ба имзо расида, тибқи он “бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода минбаъда ба тавозуни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии гузаронида шудааст”.
- Дар робита ба ин, макон ва суроғаи фаъолияти минбаъдаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз кӯчаи Спортивная 6, ноҳияи Сино ба кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо 3, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе- собиқ бинои Вазорати милия Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуд”,-омадааст дар хабарнома.
Ин тағйирот дар ҳолест, ки моҳи августи соли 2021 бинои нави Вазорати молияи Тоҷикистон, ки дар маркази шаҳри Душанбе дар паҳлӯи бинои ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои хориҷӣ ҷойгир аст, бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба истифода дода шуда буд.
Гуфта мешавад, ки ба бинои пешини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ки дар кӯчаи Спортивная 6-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст, зерсохторҳои ин ниҳод- муассисаҳои давлатии Маркази тайёрии олимпӣ ва Маркази методии Кумита мустақар хоҳанд шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста