Далер Қаноат ягона писари Муъмин Қаноат ҳастанд, ки солиёни зиёд дар хориҷ аз кишвар – Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Конодо зиндагӣ кардаанд. Ҳоло Далер шаҳрванди Конодост, аммо ба Тоҷикистон омадааст то дар таҷлил аз 90-солагии падараш ширкат кунад.
Дар Тоҷикистон ҷанбаҳои гуногуни шахсият, ашъор, хидматҳои фарҳангӣ ва равшанфикрии устод Қаноат ба баҳсу таҳлил кашида шудааст, аммо Муъмин Қаноат дар муҳити хонавода ва муносибат бо фарзандону наздикону пайвандонаш камтар суҳбат шудааст.
Дар ин мусоҳиба бо Далер Қаноат ҳамин паҳлӯи рӯзгори шоири шаҳир ва пуровозаи адабиёти муосири тоҷику форс, касе, ки оварандаи руҳи миллӣ ба адабиёти сурхи шеравии тоҷик дониста мешавад, ба баҳсу баррасӣ кашида шудааст.
Дар ин мусоҳиба шумо мефаҳмед, ки:
- Қаноат дар солҳои ахир аз писараш чӣ хоҳиш мекард?
- Чаро мехост фарзандаш ба Тоҷикистон баргардад?
- Қаноат оё кӯдаконашро ба парку сайёҳат мебурд?
- Чаро Қаноат аз номи Худо ба писараш ҳадяҳо меовард?
- Басир Расо дар шоир шудани Муъмин Қаноат чӣ нақш дошт?
- Далер чӣ гуна тарҷумони падараш дар кишварҳои арабӣ шуд?
- Назари Далер ба муносибатҳои сиёсиву расмӣ ба мероси Қаноат чист?
- Чаро ягона писари Қаноат ба Конодо рафт?
- Набераҳои Қаноат оё забони ӯро медонанд ва шеъри бобои худро дар забони асл мехонанд?
Ин ва ҳазорҳои паҳлӯҳои ногуфтаи ҳаёту мамоти устураитарин шахсияти фарҳангу адабиёти мо дар ин суҳбат.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста