Толибон дафтарҳои ду пешвои шиёни Афғонистон: Оятуллоҳ Муҳаммадисҳоқ Файёз ва Оятуллоҳ Муҳаққиқи Кобулиро дар шаҳри Ғазнӣ бастаанд.  Дар ин бора "Афғонистон интернейшнл" бо такя ба манобеаш дар Ғазнӣ хабар медиҳад.

Толибон далели баста шудани дафтари ин ду марҷаи тақлиди шииёнро надоштани иҷозатномаи фаъолият унвон кардаанд.

Бино ба навиштаи манбаъ, Толибон дар рӯзҳои ахир чандин бор дафтари ин ду марҷаи мазҳабиро баррасӣ ва тафтиш карда, масъулони онҳоро боздошт кардаанд.

Бо такя ба манбаъҳои муътабар, "Афғонистон интернейшнл" менависад, ки Толибон ду масъули дафтари Оятуллоҳ Файёзро бо талаби берун нарафтан аз макони зист пас аз боздошт раҳо кардаанд, вале масъулони дафтари Оятуллоҳ Муҳаққиқи Кобулиро то кунун раҳо накардаанд. 

Дафтарҳои марказии ин ду марҷаи тақлиди шииён дар шаҳри Наҷафи Ироқ аст. Ин ду марҷа дар бархе аз вилоятҳои асосан шианишини Афғонистон дафтар доранд.

Бастани ин дафтарҳо дар ҳолест, ки ахиран Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар пайи гузориши  вазорати хориҷаи Амрико дар мавриди нақз шудани озодиҳои динӣ дар ҳукумати Толибон, гуфт, ки ҳуқуқи ҳамаи аққалиятҳои мазҳабӣ дар Афғонистон маҳфуз аст.

Манбаъ навиштааст, ки Толибон баъди тафтиши дафтарҳои ин ду марҷаи тақлид ба масъулони дафтарҳо гуфтаанд, ки "шумо давлат дар даруни давлат эҷод кардаед. Мактабу мадрас месозед, даъво ҳал мекунед. Кӯмак ҷамъоварӣ ва тавзеъ мекунед ва дафтарҳои сабти издивоҷу талоҳ доред".

Толибон талаб кардаанд, ки ин дафтарҳо бояд аз вазорати ҳаҷҷу авқофи ин гурӯҳ иҷозатнома бигиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.