Пас аз таркиш дар назди консулгарии сафорати Русия дар Кобул Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
“ToloNews” бо истинод ба ҳарфи муовини сухангӯи сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон гуфтааст, ки Амирхон Муттақӣ бо Сергей Лавров таркиш дар назди консулгарии Русия до Кобулро баррасӣ карда, “итминон додааст, ки талошҳо барои таъмини амнияти сафоратхонаи ин кишвар афзоиш хоҳанд ёфт”.
“Амирхон Муттақӣ гуфт, ки мо набояд иҷоза диҳем то чунин амалҳои манфии душман дар равобити наздик ва мусбати ду кишвар таъсири манфӣ гузорад», - менависад “ToloNews”.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар пайи таркиши 5-уми сентябр дар наздикии консулгарии Русия дар Кобул шаш нафар, аз ҷумла ду нафар корманди сафорати ин давлат ба ҳалокат расида, чандин нафари дар он макон ҳузурдошта захмӣ шуданд. Масъулияти таркишро Давлати исломӣ* ба зимма гирифт.
Фармондеҳи амнияи Кобул дар шарҳи ин таркиш гуфтааст, ки “маргталаб мехост худашро дар миёни мардум тарконад, аммо пеш аз расидан ба ҳадаф аз сӯи нерӯҳои Иморати исломӣ аз пой афтонида шуд”.
Зикр карда мешавад, ки фаъолияти консулгарии Русия дар Кобул барои муҳлати номаълум қатъ гардидааст.
Ёдовар мешавем, Русия аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки пас аз ишғоли Кобул аз ҷониби Толибон* бо ин гурӯҳ ҳамкории наздикро идома дод ва чанд маротиба намояндагони ин гурӯҳро ба Маскав даъват кардаву дипломати онҳоро барои фаъолият дар Маскав пазируфт.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста