Имрӯз, 8-уми сентябр ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар майдони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор шуд.

Ба иттилои Хадамоти матбуотии президенти кишвар, дар он наздики 20 ҳазор хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамаро табрик кард ва ба ҳамаи онҳое, ки умри худро барои ҳифзи сулҳ, амнияти ҷомеа ва давлат бахшидаанд, изҳори миннатдорӣ кард.

1/19

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.