Мақомоти турк бо дархости Тоҷикистон як зани тоҷикро бо писараш боздошт кардаанд ва масъалаи истирдоди онҳо ба Душанберо баррасӣ доранд.

Фотима Ғиёсоваи 44-сола ва писараш, Маҳмадулло Дониёрзодаи 19-соларо, ки рӯзи 17-уми октябр боздошт шудаанд, дар Тоҷикистон бо иттиҳоми “ширкат дар ҷанги Сурия” ҷустуҷӯ мекунанд. Онҳо иттиҳомро рад мекунанд.

Наздиконашон мегӯянд, ду ҳафта пеш додгоҳе дар Туркия дархости адвокат барои раҳоии онҳоро рад карда гуфтааст, ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон даъвои худро пас нагирифтааст ва баррасии қазия идома дорад.

Тоҷикистон дар дархосташ гуфтааст, ки гуё аҳли ин хонавода соли 2016 ба Сурия рафта будаанд.

Иброҳим Дониёрзода, писари Фотима Ғиёсова рӯзи 18-уми ноябр аз Венгрия ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ кадом аз аъзои хонаводаи онҳо ба Сурия нарафтааст ва мақомоти Тоҷикистон бидуни далел онҳоро дар пайгарди пулиси байналмилалии Интерпол қарор додаанд. Ӯ гуфт, соли 2022 низ ӯро бо чунин дархост дар Маҷористон (Венгрия) боздошт карда буданд, вале дертар раҳояш намуданд.

“Панҷ моҳ мешавад бо кумаки бахши иҷтимоии ин кишвар ҷои кор дорам ва дар як корхонаи марбут ба ширкати “Самсунг” дар Венгрия кор мекунам. Дар соли 2016 падарамро мақомоти Туркия боздошт карда буданд ва баъди тафтиш раҳояш карданд, чун Сурия рафтанаш исбот нашуда буд,”- мегӯяд Иброҳим Дониёрзода.

Мақомоти Тоҷикистон расман боздошти ду увзи як хонавода дар Туркияро шарҳ надодаанд.

Дафтари матуботи Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи шаҳри Душанбе ба суолҳои мо дар робита ба ин қазия посух надоданд. Дар Консулгарии Тоҷикистон дар Истанбул дар робита ба ин қазия гуфтанд, ки ба таври хаттӣ суолҳои худро пешниҳод кунед. Бо гузашти беш аз даҳ рӯз аз ирсоли саволҳо ба почтаи электронии консулгарӣ ҳанӯз ҷавобе нарасидааст.

Марям Дониёрзода фарзанди ин хонавода қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд: “Соли 2016 аз ВКД-и Тоҷикистон ба Туркия омаданд ва ба падарам гуфтанд, ки биёед, бо мо ҳамкорӣ кунед. Падарам рад кард ва онҳо рафта моро дар ҷустуҷӯ доданд”.

Пештар ҳодисаи боздошти Иброҳим Дониёрзода, як фарзанди ин хонавода дар расонаҳои Маҷористон бозтоб ёфта буд.

Сомонаи “Hungary Today” рӯзи 4-уми ноябри соли 2022 навишт, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия алайҳи нерӯҳои давлатӣ ҷангида, дар кишвар бо хатари 12 сол зиндон рӯбарӯст.

Ин хонавода аз соли 2015 дар вилояти Коҷаели Туркия ҳамсоя бо Истанбул зиндагӣ мекунанд ва ҳаққи иқомат доранд.

Дар солҳои 2014-2017 Туркия як масири аслии пайвастани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба ДОИШ дар Ироқу Сурия будааст. Аз ин роҳ беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Ироқу Сурия рафтаанд ва сарнавишти аксари онҳо номаълум аст.

Ҳоло ҳеч ниҳод ё додгоҳи мустақиле тасдиқ накардааст, ки воқеан модару писари боздоштшуда дар Сурия ё Ироқ буданд ё на.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.