Ҳавошиносон барои моҳи декабр дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаро пешгӯӣ мекунанд: рӯзҳои гарм дар водиҳо ва шабҳои сард дар навоҳии кӯҳистон.

Тибқи иттилои Маркази обуҳавошиносии кишвар, дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ боришот (дар баъзе ҷойҳо аз меъёр каме бештар ва дар баъзе ҷойҳо камтар) дар назар аст.

Ҳарорати ҳаво тадриҷан паст мешавад. Давоми моҳ нисбат ба моҳи ноябр ҳарорат 5-7 дараҷа паст мешавад. Ҳарорати миёнаи ҳаво вобаста ба минтақаҳо дар доираи муқаррарии моҳи декабр хоҳад буд.

Муфассал

Дар водиҳо ва доманакӯҳҳои вилояти Хатлон дар умум ҳарорати ҳаво 14-16 дараҷа гарм боқӣ мемонад. Баъзан шабона аз 3 сардӣ то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 13 то 18 дараҷа гармӣ мешавад.

Бориш давоми моҳ тибқи меъёр ва дар баъзе ҷойҳо аз меъёр зиёд дар назар аст: дар водиҳо 18-66 мм, дар доманакӯҳҳо 77-92 мм. Дар баъзе рӯзҳо шамол аз самти ғарб то 18-23 метр дар як сония мевазад ва туман мефарояд.

Дар вилояти Суғд, дар водиҳо ҳавои гарм пешгӯӣ мешавад, ҳарорати миёна то 15-17 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳарорати ҳаво аз -3 то +20 дараҷа гарм мешавад.

Бориш низ тибқи меъёри муқаррарӣ ва ҳатто дар баъзе ҷойҳо камтар аз меъёр дар назар аст. Шамол аз самти ғарб то 18-23 м/с вазида, баъзан туман дар назар аст.

КҲФ аз сафар ба кӯҳҳо ҳушдор медиҳад
Акс аз Telegram-канали Amir Tour

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳона аз меъёри иқлим 1-5 дараҷа паст дар назар аст. Ҳарорат шабона аз 0 то 5 дараҷа ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад.

Боришот тақрибан тибқи меъёр ё бештар аз он дар назар аст.

Дар ноҳияҳои шарқии ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳона аз меъёри иқлим 1 дараҷа паст ва 16-18 дараҷа хунук мешавад. Дар водиҳо шабона аз 25 то 13 дараҷа хунукӣ ва рӯзона аз 15 то 3 дараҷа хунукӣ дар назар аст.

КҲФ ҳушдор медиҳад

Моҳи декабр, сарфи назар аз ҳавои нисбатан гарм, эҳтимоли рух додани ҳолатҳои фавқулодда мавҷуд аст. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ қоидаҳоеро ба шумо хотиррасон мекунад, ки бо риояи он метавонед фасли сарморо бидуни мушкилот паси сар кунед.

Пеш аз ҳама ба қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя кардан лозим аст, зеро бо фарорасии фасли зимистон сӯхтор дар хонаҳои истиқоматӣ бештар мешавад. Аз ин рӯ, шумо бояд низоми гармидиҳии биноҳоро (дар онҳое, ки бо гармкунакҳо гарм карда мешаванд) бодиққат назорат кунед.

Ва дар деҳот, ки ҳангоми истифодаи оташ ва ангишт эҳтиёткор бояд буд, зеро аз дуди заҳргинӣ он одам метавонад ба ҳалокат расад.

КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳангоми фаро расидани ҳавои сард, бахусус ҳангоми гирифтани маълумот дар бораи боришот дар кӯҳҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз иҷрои корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.