Роҳи беҳтарини пайдо кардани кори бехатар дар Русия, сафари умра тавассути Ӯзбекистон, Бобоҷон Ғафуров, соҳибнуфузони олами ҷиноии Осиёи Марказӣ, “фелетони нишасти матбуотии Помидор” муҳимтарин мавзӯъҳое будаанд, ки ин ҳафта нашрияҳои чопи Душанбе баррасӣ кардаанд.

Кори бехатар дар Русия ва умра тавассути Ӯзбекистон

“Кори бехатар дар Русия” – номи мақолаест, ки ҳафтаномаи “Asia-Plus” ин ҳафта дар сафҳаи аввали худ нашр кардааст. Дар ин матлаб, муаллиф оид ба афзалиятҳои муҳоҷирати дастаҷамъӣ ба Русия нақл карда, таъкид мекунад, ки танҳо тавассути фаъолияти қонунӣ дар ин кишвар метавон соҳиби кори бехатар шуд.

Дар матлаб, ҳамчунин андешаи Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, соҳибкори рус ва муҳоҷирони кишвар низ дарҷ гардидааст ва мутолиаи он барои нафароне, ки хоҳиши сафар ба Русия барои корро доранд, муфид аст.

“Чаро тоҷикон ба воситаи Ӯзбекистон ба умра мераванд?” матлаби дигарест, ки нашрияи “Asia-Plus”  интишор кардааст. Дар ин мақола, муаллиф кӯшиш кардааст собит кунад, ки бинобар гаронии хадамоти ширкатҳои тоҷикистонӣ, ширкатҳои ӯзбекистонӣ бозорро аз худ кардаанд ва ин боиси ба хориҷ рафтани сармоя гаштааст.

Нархи хадамоти ширкатҳои Ӯзбекистон аз ширкатҳои Тоҷикистон чӣ қадар фарқ мекунад ва чаро, метавонед баъди мутолиаи матлаб огоҳ гардед.

Ҳамчунин, дар ин шумораи нашрия матлабҳои “Саудовская Аравия даст $100 млн на Рогун”, “Навечно и бесконечно. Вопрос дороги в Ходжаи Аъло - Ворух и Баткен - Исфана между Таджикистаном и Кыргызстаном решен? ва “Инвестиций нет, личной свободы – тоже” интишор шудаанд.

Гаронии нархи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ омили болоравии нархи пиёз

Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар нашри (05.12.23) ҷавоби Ҷаббор Носирзода, муовини якуми вазири кишоварзӣ ба матлаби ҳамин рӯзнома бо номи “Пиёз. Болоравии нарх омилҳои гуногун дорад”-ро нашр кардааст. Дар ин матлаб Ҷаббор Носирзода менависад, ки омилҳои баланд гардидани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷаҳон ба хароҷоти истеҳсоли он вобастагӣ дорад.


“Маҳз солҳои охир бо омилҳои иқтисодӣ, буҳрони молиявӣ ва бамаротиб баланд гаштани нархи маводи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ бевосита дар хароҷоти истеҳсолӣ ва баланд шудани арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ бетаъсир намонд” – менависад Носирзода.

“Театр ва кино. Аз норасоии рассомон то дилсардии соҳибихтисосон” яке аз матлабҳои дигари ин нашри “Ҷумҳурият” аст, ки ба мушкилиҳои театру кинои кишвар бахшида будааст. Яке аз омилҳои ба театру кинои миллӣ нарафтани мутахассисони ҷавон камии маош будааст.

Худам раис, худам агроном, худам академик...

Бо ин ном ҳафтаномаи “СССР” матлабе нашр карда, дар бораи надоштани дурнамо, нақша ва бизнес плани деҳқонони тоҷик гуфтааст.

“... Дар Академияи илмҳои кишоварзӣ низ ҳамарӯза даҳҳо олимон ба пажӯҳишу тадқиқот машғуланд. Вале 1 суол маро ором намегузорад, чаро бо ин ҳама олиму доктору мутахассису коршинос ва пажӯҳишгар деҳқони тоҷик ҳоло ҳам фаъолияти худро солҳои тӯлонӣ дуруст ба роҳ монда наметавонад?” – суол медиҳад муаллиф.

Аз Салим-бойбача то Сангак Вор в Закон-ҳои ОМ. Кистанд онҳо?” дар бораи соҳибнуфузони олами ҷиноии минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Ин матлаб дар пасманзари боздошти соҳибнуфузони олами ҷиноӣ дар Ӯзбекистон, ки чанд рӯзи охир дар сархати расонаҳои ин кишвар қарор дорад, нигошта шудааст.

Хулосаи муаллифи матлаб ин аст, ки “мавҷудияти олами сахтбунёди криминалӣ бо “пахану положенецу вор в закон”-ҳо ба геополитика бастагӣ дорад ва абарқудратҳои олам дар ҳама давру замон маҳз ҳамин категорияи одамонро ба майдонҳо кашидаву давлатҳоро барҳам мерехтанду хоҳанд рехт”.

Дар ин шумора ҳамчунин метавон идомаи матлаби “Наҳанги Ҷумҳурӣ-2”-ро мутолиа кард.


Памидор дар фикри нишаст

Ҳафтаномаи “Фараж” фелетони “Лайкгадо”-ро дар сафҳаи аввали худ нашр кардааст, ки он ба майлонҳои нави ҷомеаи муосир, яъне “лайк” ва “шарҳ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ бахшида шуда, ба танз кашида шудааст.

Чаро “Лайк”-ро ба мӯҳлати 1 шабонарӯз ҳабси хонагӣ карданд? Метавонед пас аз хондани ин фелетон огоҳ шавед.

“Помидор дар фикри нишаст” фелетони дигарест, ки ин нашрия интишор кардааст. Муаллиф дар ин матлаб ҷараёни нишастҳои матбуотӣ ва ҳузури масъулини давлативу журналистонро ба танз кашидааст.


Чаро помидор мехоҳад нишасти матбуотӣ баргузор кунад ва аз чӣ ҳарос дорад, метавонед дар ин матлаб мутолиа кунед.

Бобоҷон Ғафуров

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ин ҳафта пурра ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст.

Дар ин шумора аз ҷумла навиштаҳои Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба ҳаёти фаъолияти Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст, интишор гардидаанд.


Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.