Тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бозорҳои “Саховат”, “Ганҷина”, “Панҷшер” ва даҳҳо хонае, ки дар пушти ин бозорҳо ҷойгир ҳаст, тахриб карда шуда, ба ҷои онҳо ё парки иноватсиноӣ ё идомаи Боғи ба номи Фирдавсӣ сохта мешавад. Дар ин бора Умед Гуреззода, раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Номбурда дирӯз, 14-уми феврал, замони муайяни тахриби ин бозорҳо, аз ҷумла кадом сол оғоз гардидани онро нагуфт, вале ишора кард, ки “тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар оянда бозорҳои “Саховат”, “Панҷшер” ва “Ганҷина” бояд ба дигар ҷой кӯчонида шаванд”.
Вай илова кард, ки масъалаи тахриби ин бозорҳо ду сол пеш, замоне ки муовини раиси шаҳри Душанбе буд, дар яке аз ҷаласаҳи шаҳрдорӣ бо ширкати Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бархоста буд.
Раиси ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, дар оянда агар имкониҳои молиявӣ зиёд бошад ба ҷои ин бозорҳо парки иноватсияонӣ сохта мешавад. Дар сурати маҳдуд будани имкони молиявӣ ин минтақа давоми Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Фирдавсӣ мешавад.
“Дар пушти ин бозорҳо як қишлоқи калон аст. Пардохт кардани ҷуброн барои хезонидани онҳо маблағи калонро талаб мекунад... Ин хароҷоте аст, ки аз буҷет бидуни пардохти андозу дигар пардохтҳо медиҳем. Ҳоло харҷи бартараф кардани хонаҳо ҳисоб нашудааст. Ин дар оянда аст, вале бовар дорам барои хезондани мардум шояд 100 млн сомонӣ лозим шавад”,- афзуд Умед Гуреззода.
Ӯ гуфт, барои сохтмони як маркази савдои замонавии нав мисли Бозори “Меҳргон” барои соҳибкорон пешниҳод манзур кардаанд ва дар сурати сохтмон ва ба истифода додани ин марказ тахриби ин бозорҳо оғоз хоҳад шуд.
Ҳоло маълум нест, ки сохтмони ин маркази савдои нав дар кадом минтақаи пойтахт ва кай оғоз мешавад.
Гуфта мешавад, ки танҳо баъди тахриби пурраи бозорҳо биноҳои пушти ин бозор тахриб мешаванд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир тахриби биноҳо ва иншооту марказҳои савдову хидматрасонӣ, инчунин бозорҳо, ки дар замони Шӯравӣ сохта шудааст, идома дорад. Дар асоси он садҳо хонаву марказҳои савдо ва бозорҳо тахриб шуда, ба ҷои онҳо бозорҳои нав ва ё биноҳои баландошёна сохта шуд.
Аз ҷумла, чанд сол пеш ҳадди ақал се бозори калонтарин Душанбе - “Ҷал-Ҷам”, “Султони Кабир” “Зелённий” тахриб карда шуда, савдогарони онҳо ба ҷои дигар кӯчонида шуданд.
Нақшаи генералии шаҳр, ки тибқи он биноҳову иншооти гуногун тахриб ва ба ҷои онҳо биноҳои замонавӣ сохта мешавад, расонаӣ намешавад. Мақомот сабаби онро бехатарии амниятӣ медонанд.
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”
Қазоқистон низ тафтиши муҳоҷирони кории тоҷикро бештар ва чораҳои амниятиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот боз ду зина поён рафт
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ қариб 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Вазорати умури дохилии Русия тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард
“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста