Дар пайи бозхонди иҷозатномаи QIWI-банк аз сӯйи Бонки марказии Русия, фаъолияти низоми пардохти “CONTACT” низ қатъ гардид. Оператори ин низоми пардохт QIWI-банк аст.
Низоми пардохти “CONTACT” миёни муҳоҷирони тоҷик маъмул буд ва маблағи онҳоро ба ватан интиқол медод. Баъди боздошти фаъолияти ин низоми пардохт муаммои гирифтани маблағҳои тавассути низоми мазкур интиқолгардида ва бозпас гирифтани маблағҳои интиқолшуда ба миён омад.
Ин мушкилро Бонки миллии Тоҷикистон низ тасдтиқ карда, зикр мекунад, ки барои ҳалли он талош дорад.
“Бонки миллии Тоҷикистон ҳолати мазкурро зери назорат ва мониторинг қарор дода, бо намояндагони низоми болозикр дар тамос мебошад ва ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои низом дар назди шаҳрвандон корбарӣ намуда истодааст”, - зикр мегардад дар изҳороти Бонки миллии Тоҷикистон.
Танзимгари низоми бонкии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки дар мавриди пайдо гардидани маълумоти нав иловатан хабар дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки барои баргардонидани маблағи интиқолшуда аз имконоти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳои дар назди Бонки миллии Тоҷикистон амалкунанда истифода хоҳад шуд ё не.
Зеро соли 2019, вақти ба кор оғоз кардани ин марказ, зикр гардид, ки “мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингӣ аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиётҳо ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар кишвар ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиётҳои бехавф иборат мебошад”.
Он замон танзимгари низоми бонкии Тоҷикистон созмонҳои қарзии хориҷиро, ки низоми пардохташон дар Тоҷикистон фаъолият мекард, муваззаф намуд, дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисоби муросилотӣ боз кунанд. Ва танҳо дар сурати мавҷуд будани миқдори муайяни маблағ дар ин ҳисобҳо, иҷозат дода шуд, ки фаъолият кунанд. Танзимкунанда миқдори пулеро, ки бояд дар ин ҳисобҳо бошад, мушаххас накардааст.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста