Мақомоти Тоҷикистон наздикони Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарони ҳамла ба “Крокус”-и Маскавро баъди бозпурсӣ ҷавоб додаанд, аммо онҳо намехоҳанд бо рӯзноманигорон суҳбат кунанд. Аз хоҳари ӯ, ки ҳамсари яке аз гумонбарони дигари ин ҳодиса буда, аз Русия ихроҷ шудаст, то ҳол дараке нест.

Худи Фаридуни Шамсиддин 23-юми март, як рӯз баъд аз ҳодисаи ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав боздошт ва 24-уми март барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Бори аввал, барои пайдо кардани маълумоти бештар ва суҳбат бо пайвандони Фаридун мо 27-уми март ба деҳаи Лойоби шаҳри Ҳисор рафтем, аммо он замон ба мо даст надод, ки бо волидонаш ё бародаронаш суҳбат кунем. Зани амаки Фаридун он замон гуфта буд, ки “ҳамаро бурданд ва дар хона касе нест”. Ҳамдеҳагони ӯ ҳам аз суҳбат мегурехтанд.

Бори дуюм, 2-юми апрел ба ин хонадон рафтем. Ин дафъа фазои деҳаи Лойоб нисбатан ором ва сокинони он ба кишту кори баҳорӣ, ки манбаи асосии даромади онҳост, машғул буданд. Вале ҳоло ҳам ба мошин ё нафари ношинос бо тааҷҷуб нигоҳ мекарданд.

 

Чанд соат пеш аз ҳодисаи “Крокус”

Манучеҳр, яке аз додарони Фаридун аст. Мо бо ӯ дар роҳ ва ногаҳон вохӯрдем. Ӯ, ки хеле ором менамуд, дар факултаи равоншиносии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон мехонад. Манучеҳрро ҳам мақомоти Тоҷикистон барои бозпурсӣ бурда, чор рӯз пеш ҳамроҳи падару модар, янга ва амакаш ҷавоб додаанд. Ӯ ҷузъиёти бозпурсиро фош накард ва ҳамин қадар гуфт, ки якҷо бо дигар аъзои оилааш бовар надорад, ки бародараш садҳо нафарро кушта бошад.

Манучеҳр розӣ нашуд, ки дар назди наворбардор суҳбат кунад, вале ба чанд суоли мо посух дод.

Ӯ дар бораи бародараш гуфт, “на зарараш ба ягон кас мерасид, на ягон касро гапи сахт мегуфт, кор мерафт ва хона меомад”.

Манучеҳр нақл кард, ки зӯҳри рӯзи 22-юми март ва шоми он рӯз, чанд соат пеш аз ҳодисаи “Крокус” бо бародараш суҳбат кард ва ӯ гуфт, дар ҷойи кор аст ва мавҷи телефон хуб нест. Хона меравад ва рӯзаашро кушода, ҳатман занг мезанад.

“Вақте субҳи 23 март кормандони мақомоти қудратӣ ба хона омада, моро барои бозпурсӣ бурданд, аз ин ҳодиса огоҳ шудам”, - гуфт ӯ.

 

“Мехост дар Иди Рамазон ба Тоҷикистон ояд”

Ӯ мегӯяд, бародараш вақтҳои охир дар сохтмон кор мекард.

Манучеҳр мегӯяд, тобистони соли 2023 ҳамроҳи Фаридун дар яке аз корхонаҳои шаҳри Подолск кор кард, аммо дар рафтори бародараш ягон амали ғайриоддиро мушоҳида накард.

“Фаридун ба дину мазҳаб ҳам таваҷҷуҳи зиёд надошт”, - гуфт Манучеҳр.

Ӯ мегӯяд, Фаридун дар маҷмӯъ, чор маротиба ба Русия барои кор рафт. Бори охир 6 моҳ пеш рафта буд.

Онҳо дар оила 5 фарзанд, се писару ду духтаранд ва Фаридун фарзанди дуюм аст. Ӯ як сол пеш оиладор шуда, кӯдаки 8 моҳа дорад. Ҳоло ҳамсараш ҳамроҳи кӯдаки 8-моҳааш дар хонаи падараш аст.

“Мо то ҳол намедонем онҷо чӣ шуд. Ҳар рӯз як-ду бор занг зада, бо занаш гап мезад. Бори охир, ки бо мо суҳбат кард, ягон фарқият дар гуфтораш набуд. Мисли ҳамеша суҳбат мекард”,-гуфт Манучеҳр.

 

Фаридун чаро зиндонӣ шуд?

Манучеҳр дар робита ба гузаштаи Фаридун гуфт, соли 2014 барои 7,5 сол равонаи зиндон шуд ва баъди 5,5 сол бо сабаби “рафтори намунавӣ” аз зиндони Ёвон озод гардид. Аммо ӯ нагуфт, ки бародараш бо чӣ иттиҳом зиндонӣ шуд, танҳо гуфт, ӯро тӯҳмат карданд.


Қаблан, расонаҳо навишта буданд, ки Фаридун бо гумони озори ҷинсӣ боздошт ва то соли 2020 зиндонӣ шудааст.

 

Бозпурсӣ, озодӣ ва фирор аз расонаҳо

Манучеҳр бо ишора ба бемории модар ва ҳузур надоштани падар иҷозаи вуруд ба хона ва аксбардорӣ аз ӯро надод.

Дарвозаи онҳо ҳам баста буд, аммо дида мешуд, ки дар дохили ҳавлӣ одамон рафтуомад доранд.

Манучеҳр тасдиқ кард, ки воқеан чанде пеш модараш бо яке аз расонаҳои русӣ суҳбат кардааст. Аммо гуфт, баъди он ҳолаш якбора бад шуда, дар ҷойгаҳи беморӣ аст. Аз ин лиҳоз намехоҳад бо мо такроран суҳбат кунад.

Ӯ гуфт, мақомот онҳоро огоҳ кардаанд, ки бо расонаҳо суҳбат накунанд ва телефонҳояшонро гирифта, барнагардонидаанд.

Кӯшишҳои зиёди мо ҳам барои мулоқот бо волидони Фаридун бесамар буд.


Танҳо Гулбаҳор Ҷонова, зани амаки Фаридун, ба назди мо баромад ва гуфт, “Фаридун рӯзи ҳодиса (22-юми март) ба занаш паёми савтӣ фиристода гуфтааст, “кӯдаконро гирифта, ба хонаи падарат рав, худам баргашта, ба хона меорам”. Баъдтар занг ҳам зада, бо аҳли оилааш суҳбат кардааст. Гуфтааст, то Иди Рамазон бармегардад.

Ҷонова таъкид кард, ки “Фаридун фарзандашро зиёд дӯст медошт ва аз ин лиҳоз, бовари кас намеояд, ки бо силоҳ одам куштааст”.

Ӯ ҳам тасдиқ кард, ки модари Фаридун бо яке аз расонаҳои русӣ суҳбат кардааст. Сухан дар бораи наворе меравад, ки аз тарафи шабакаи русии “Ruptly” пахш шуд ва дар он Муяссар Заргарова ном зан худро модари Фаридуни Шамсиддин муаррифӣ карда, аз пайвандони қурбониёни ин воқеа узр ва аз писараш хост фармоишгарони ҳамларо фош кунад.

 

Хоҳари Фаридуни Шамсиддин дар куҷост?

Дар ин моваро, Маҳбуба Заргарова, хоҳари Фаридун бедарак аст. Ба иттилои расонаҳои русӣ, мақомоти Русия ӯро ихроҷ кардаанд, чун Фаридун дар хонаи ӯ сабт шуда будааст.

Манучеҳр гуфт, “ҳамин қадар медонам, ки аз Русия ихроҷ кардаанд, аммо ба хона наомадааст”. Радиои Озодӣ навишт, ки Маҳбуба дар хонаи шавҳараш Амирҷон Исломов ҳам нест.

Аминҷон Исломов, падараш Ислом Исломов ва додараш Диловар Исломов аз сӯи мақомоти Русия ҳамчун гумонбар ба иштирок дар амали террористӣ боздошт шудаанд. Далели боздошти онҳо мошинест, ки гумонбарон рӯзи ҳамла бо он ба ҷойи ҳодиса омада, баъдан фирор карданд. Ин мошинро гӯё Фаридун аз Исломовҳо харидааст.

Як масъули ҷамоати деҳоти Алмосӣ, ки деҳаи Лойоб дар ҳудуди он аст, тасдиқ кард, ки Маҳбуба ба хонаи модараш наомадааст.

 

“Баъди шиканҷа мурдаи Ленинро ба гардан мегирӣ”

Ҳамсояҳо аз Фаридун чун ҷавони хушмуомила сифат карда, гуфтанд, бовар надоранд, ки ӯ ба амали террористӣ даст задааст.

Як ҳамсояи ӯ бидуни зикри ном гуфт, ки “баъди ин қадар шиканҷа мурдаи Ленинро бар гардан мегирӣ”.

Аммо Фатҳулло, ҳамсояи дигари Фаридун дар суҳбати кутоҳ бо мо гуфт, ки Фаридун баъди аз маҳбас озод шудан, ба Русия рафта меомад ва як муддат дар маркази Ҳисор дар нонвойхона кор кард.

“Бештар кор мекард, оворагард набуд. Майнӯш ҳам набуд, аммо намозхониашро ҳам намедидем”,-гуфт Фатҳулло.

Воқеан, дари ягона масҷиди деҳаи Лойоб ҳудуди 8 сол аст, ки бастааст. Надоштани ҳуҷҷат сабаби баста будани он шудааст.

Амруллоҳ, яке аз мӯйсафедони деҳа гуфт, вақте масоҷидро ҳуҷҷатгузорӣ карданд, сокинони ин деҳа дар пайи ҳуҷҷатгузории масҷид нашуданд ва мақомот дари онро бастанд.

 

“Хонандаи хушмуомила буд”

Омӯзгорони мактаби №44 ба номи Абдулло Муродов, ки Фаридун онҷо таҳсил кардааст, аз ӯ чун хонандаи фаъол ёд карданд.

Мактабе, ки дар он Фаридуни Шамсиддин таҳсил кардааст
Asia-Plus

Убайдулло Нарзуллоев, ки ба Фаридун то синфи 4 дарс додааст, гуфт, “бачаи аҳл, фаъол ва хушмуомила буд”.

Муаллим Раҳмонов, ба Фаридун дар синфи болоӣ дарс додааст. Ӯ ҳам розӣ нашуд, ки назди дурбин суҳбат кунад ва хеле кӯтоҳ гуфт: “Ман ӯро дарс додам, бачаи бад набуд. Меомад, дарсашро мехонду мерафт. Ба касе кор надошт”.

Як нуктаро бояд зикр кард, ки ҳама ҳамсуҳбатони мо бо эҳтиёт ва шояд каме ҳарос суҳбат мекарданд. Ба саволҳои мо кӯтоҳ посух медоданд. Эҳсос мешуд, ки ба фарзияи ироакардаи мақомоти Русия бовар надоранд. Саволҳои онҳо бештар аз посухҳояшон буд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав шоми рӯзи 22-юми март рух дод. Чор нафари мусаллаҳ вориди ин бино шуда, ба сӯйи одамон тир холӣ карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи ин ҳамла то ин лаҳза беш аз 140 нафар ҷон бохта, садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар робита ба ин ҳодиса дар умум, ба иттилои мақомоти Русия, 11 нафар боздошт шудааст. Аз ҷумла, чор нафар - Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ба он гумонбаранд, ки бевосита дар “Крокус Сити Ҳолл” тирпарронӣ карданд. Ҳар чор нафари онҳо 24-уми март бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Басманний барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Дар наворе, ки мақомоти Русия пас боздошт интишор карданд, Фаридун бо дастони баста, зери мили силоҳ эътироф мекунад, ки барои ҳамла “аз ёвари як рӯҳонӣ ваъдаи 500 ҳазор рубл гирифтааст”. Аммо барои исботи ин иддао аз ҷониби мақомоти Русия то ҳол ҳеҷ далели қотеъ пешниҳод нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.