Субҳи имрӯз, 4-уми апрел, Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон пешвоз гирифт.

Баъдан ӯ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

АМИТ “Ховар” менависад, ки “дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Туркманистон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад. Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи баланд байни Тоҷикистон ва Туркманистон якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад”.

Ин расона менависад, ки тибқи барномаи сафар, Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода низ мулоқот карда, дар барномаи муштараки консертии “Шоми дӯстӣ” иштирок менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.