Рӯзҳои 2-6-уми май гурӯҳи парлумонии Олмон ва Осиёи Марказӣ бо роҳбарии муовини раиси он, вакили парлумон Манфред Грунд аз Тоҷикистон дидан карданд.

Меҳвари баҳсҳои сиёсӣ мулоқоти муфассал бо гурӯҳи дӯстии Олмону Тоҷикистон дар палатаи поёнии Тоҷикистон таҳти раёсати вакил Насиба Содиқӣ  буд.

Ин гурӯҳ ҳамчунин бо Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об, Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва Аҳлиддин Нуриддинзода, муовини вазири рушди иқтисод, гуфтугӯ карданд.

Зимни ин мулоқотҳо муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи хоса ба он равона гардид, ки шарикии стратегии минтақавии соли гузашта миёни сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо мувофиқашуда боз ҳам густариш ёбад.

Зимни сафари ба вилояти Суғд, ҳайати гурӯҳ бо пешбурд, парвариш, коркарду фурӯши зардолу ва пахта, пешгирии эрозия ва идоракунии захираҳои об дар ноҳияи Айнӣ шинос шуданд. Таъкид бояд кард, ки ҳамкорӣ барои рушди иқтисоди Тоҷикистон ва мутобиқшавии он ба тағйири иқлим низ яке аз мавзӯҳои муҳимми сафар буд.


Муаррифии лоиҳаи ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон, ки бо маблағҳои Фонди ҷаҳонии экологӣ тавассути БРСММ амалӣ карда мешавад, аз ҷониби Маркази гуногунии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Искандаркӯл нишон дод, ки Олмон низ Тоҷикистонро дар соҳаҳои гуногун тавассути созмонҳо ва муассисаҳои байналмилалӣ дастгирӣ мекунад.

Ҳамчунин, аз Маркази миллии мубориза бо бемории сил дар деҳаи Мачeтон, ки бо маблағгузории Олмон таъмир ва муҷаҳҳаз шудааст ва ҳоло дар доираи он як маркази мубориза бо бемории сил барои кӯдакон таъсис ёфта истодааст, боздид карданд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон дар мубориза бо бемории сил муваффақиятҳои шоистаро ба даст овардааст.


Дар шаҳри Ваҳдат низ маркази саломатие, ки дар чаҳорчӯбаи барномаи муштараки Иттиҳодияи Аврупо бунёд ёфтааст ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи он муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Абдухолиқ Амрзода, Сафири Иттиҳодияи Аврупо Раймундас Кароблис ва Сафири Ҷумҳурии Олмон Шуграф ҳузур доштанд.

Ҳайати меҳмонон дар поёни сафари худ ҳамчунин аз НОБ Норак дидан карданд.

Зимни вохӯриҳо бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ маълум гардид, ки робитаҳои байни Олмон ва Тоҷикистон на танҳо аз ҷониби ниҳодҳои ҷамъиятӣ, аз қабили GIZ, KfW, ZfA, GI ва DAAD, балки созмонҳои ғайриҳукуматии Олмон, аз қабили Deutsche Welthungerhilfe, Каритас ва DRK, DVV, Sparkassenstiftung ё NABU низ тақвият меёбад.