Дар вилояти Хатлон чанде аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва корхонаву ширкатҳо  даҳҳо нафар аз қишрҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла шахсони дорои маъюбият ва занони танҳову хушунатдидаро ба омӯзиш ҷалб карда, кӯшиш доранд, онҳоро бо кор таъмин кунанд ва ба ин восита, соҳиби даромад кунанд. Инро соҳибкории иҷтимоӣ меноманд.

 

Намехоҳем аз ҷомеа дар канор бошем

Меҳринисо Маъруфзода, як сокини 32-солаи шаҳри Бохтар аз зумраи шахсони дорои маъюбияти гурӯҳи якум аст. Ҳар ду пой ва як дасташ ҳаракат намекунад, бо як даст ҷиҳозу ашё медӯзаду мебофад. Ӯ маъюби модарзод нест, дар 18-солагӣ аз дарахт афтода, маъюб шудааст, аммо намехоҳад дар бораи ин ҳодиса муфассал суҳбат кунад.

Меҳринисо нақл кард, ки рӯзе дар як чорабинӣ дар бораи Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони “Шодком”-и вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар маълумот пайдо кард. Соли 2018 ба ин ташкилот шомил шуд ва ҳунарҳои дӯзандагию бофандагиро аз худ карда, ҳоло ба дигар ҳамтақдиронаш ҳунарашро меомӯзонад.

Ҳунарҳои дастӣ ҳолати рӯҳиву равонии ӯро беҳтар кардааст, зеро дигар танҳоиро эҳсос намекунад. Ҳар рӯз ба кор меравад ва бо шогирдону дӯстонаш медӯзанду мебофанд ва пул ба даст меоранд. Дар хона низ фармоиш мегирад. Аз матоъҳо ҷузвдонҳои гуногун, болишт, чодарӣ медӯзад ва аз зарфҳои пластикӣ гулҳои ороишӣ омода мекунад.

Меҳринисо мегӯяд, ҳунарҳои омӯхтааш ӯро қавитар кард, зеро дар як моҳ ҳудуди 1000 сомонӣ даромад дорад. Илова бар ин 350 сомонӣ нафақа мегирад ва дар таъмини рӯзгори хонавода саҳм мегузорад.

Меҳринисо Маъруфзода

“Аз ҷойи кор маош намегирам. Танҳо куртаҳоро медӯзему мефурӯшем. Даромадамон аз ҳисоби корамон аст. Дар хонаҳоямон низ ин корро мекунем. Ташкилоти “Шодком” чархи зиндагӣ ва ҳаёти мо маъюбонро ба суйи орзуҳо тоб медиҳад. Орзуи ҳар як маъюбе, ки қобилияти кор дорад, ин аст, ки ҷойи кор бошаду кор кунад ва маош гирад. Мо ҳам намехоҳем, ки аз ҷомеа дар канор дастнигари касе бошем”,- гуфт қаҳрамони мо.

Меҳринисо ягона нафаре нест, ки омӯзишҳои “Шодком”-ро гузаштаву ҳунарманд шудааст. Мисли ӯ беш аз 10 нафар дорои имконияти маҳдуд таъминкунандаи рӯзгори худ ҳастанд.

Онҳо дар ташкилоти мазкур ба дӯхтани либосҳои ҳарбӣ, куртаҳои занона, болиштҳои гулдӯзӣ машғуланд. Онҳо дар асоси фармоиш фаъолият карда, мизоҷ маҳсулотро аз ташкилот дастрас мекунад. Маҳсули дасташон дар чорабиниҳои фарҳангӣ низ ба намоиш гузошта мешавад.

 

Мушкили асосӣ дар набуди маблағ аст

Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони “Шодком”-и вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар аз соли 2013 ба фаъолият оғоз карда, ба шахсони имконияти маҳдуддошта ҳунарҳои дастию пазандагӣ ва роҳҳои ташкили соҳибкории хурдро нишон медиҳад.

Холмат Давлатов, роҳбари ин ташкилот низ маъюби гурӯҳи дуюм аст. Ӯ нақл кард, ки қаблан дар ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни шаҳри Бохтар фаъолият мекард. Аъзои ин ташкилот танҳо нобиноён буданд. Аммо борҳо мушкили дастрасӣ ба касбомӯзии гурӯҳҳои маъюбиятдоштаро мушоҳида кард ва тасмим гирифт, ки ба онҳо кӯмак кунад.

Вай нақл кард, ки барои кушодани соҳибкорӣ ба ӯ як хайрхоҳ кӯмак кард ва ӯ тавонист як гурӯҳ маъюбонро гирд оварда, ба бофтани симтӯр машғул шуданд ва даромад ба даст оваранд.

Ин ташкилот бар асоси маблағгузории ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва ё пешниҳоди лоиҳаҳо ба сарчашмаҳои маблағгузор фаъолият мекунад, вале на ҳама вақт дастгирӣ меёбад.

“Аслан кори мо ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияти маҳдуддошта ва ба кор таъмин кардани онҳо мувофиқи қобилияти корияшон мебошад. Аммо мушкили асосӣ дар набуди маблағ аст. Барои рафтан ба шаҳру ноҳияҳо ва даъват кардани маъюбон ба омӯзиш пул лозим аст”,-мегӯяд Х. Давлатов.

 

Ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа тавасути фаъолияти соҳибкорӣ

Ин ташкилот давоми фаъолияти хеш зиёда аз 400 нафар шахсони дорои имконияти маҳдудро ба омӯзиш фаро гирифтааст. Ҳоло онҳо дар хонаҳо ба шуғле машғул ҳастанду даромад доранд. Феълан дар ин ташкилот беш аз 10 нафар кор мекунанд.

Холмат Давлатов аз тарафи чап

Ба гуфтаи Холмат Давлатов, дар баъзан маврид дастгирӣ наёфтани лоиҳаҳои маъюбон барои ташкили ҷойи кор ва беҳбуд бахшидани зиндагияшон, онҳоро рӯҳафтода месозад.

Ӯ гуфт, лоиҳаи яке аз аъзои ташкилоти онҳо дар озмуни вилоятии “Рушди соҳибкорӣ” беҳтарин дониста шуд. Маблағи он барои дастрас кардани таҷҳизот 260 ҳазор сомониро ташкил медод. Дар доираи ин лоиҳа бояд сехи хурди равғанбарорӣ ташкил мешуд. Мутаассифона маблағгузоре пайдо нашуд, ки лоиҳаашро амалӣ созаду чанд нафари дигарро ба шуғл фаро гирад.

“Шахсони имконияти маҳдуддошта тавони ба роҳ мондани соҳибкориро надоранд, зеро барои гирифтани шаҳодатномаи соҳибкорӣ ва иҷораи бино маблағ лозим аст. Онҳо дар хона ба корҳои сабук, дӯзандагию пазандагӣ ва бофандагӣ машғул ҳастанд”,-зикр кард ӯ.

Ба гуфтаи Давлатов феълан дар Хатлон 6 ташкилоти ҷамъиятие аст, ки бо қишри осебпазири ҷомеа кор мекунад. Ҳадафи онҳо ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа тавасути фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

“Дар Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони “Шодком” ду нафар расман кор мекунанд. Онҳо аз андози даромад озоданд, танҳо андози иҷтимоӣ месупоранд. Маъюбони гурӯҳи якум аз андоз озод ҳастанд,”-мегӯяд Холмат.

 

Набояд танҳо ба имтиёзҳои андозӣ такя кард

Дар Тоҷикистон мехоҳанд қонунеро қабул кунанд, ки он ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Ба андешаи коршиносон, агарчи ҳадаф аз тиҷорат даромад ба даст овардан бошад, вале соҳибкории иҷтимоӣ тавассути ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба даст овардани маблағ аст.

Дар қонун 21 категорияи шаҳрвандон, аз ҷумла қишри осебпазири аҳолӣ ҳастанд, ки метавонанд ба соҳибкории иҷтимоӣ машғул шаванд.

Намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии соҳибкории иҷтимоӣ қабули қонунро интизоранд ва умед доранд, ки он ба рушди фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Аз ҷумла, Холмат Давлатов пешниҳод дорад, ки агар ташкилотҳои ҷамъиятие, ки ба фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ машғуланд, аз 3 то 5 сол пурра аз андоз озод шаванд, кори хуб мегардад.

Ин дар ҳолест, ки Собир Вазиров, сардори Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин сатм набояд танҳо ба имтиёзҳои андозӣ такя кард, балки дигар имтиёзҳо, хусусан дар додани грантҳо, дастрасӣ ба инфрасохтор, қарзҳои камфоиз дода шавад.

Мушкили дастрасӣ ба ҷойи кору касбомӯзӣ, бархӯрди муносибат бо қишрҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла маъюбону бепарасторон, муҳоҷирону маҳбусони собиқ ва оилаҳои кабизоат дар ҷомеа зиёд мушоҳида мешавад. Соҳибкории иҷтимоӣ як самти фаъолияте аст, ки бевосита ба даастгирии ин қишри ҷомеа равона карда шуда, ҳадафи он ба воситаи бартараф кардани мушкилоти онҳо ба даст овардани фоида аст.

Тибқи иттиллои расмӣ ба ҳолати якуми апрели соли равон дар вилояти Хатлон 58 ҳазору 990 нафар маъюб сабт шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1770 нафар зиёд мебошад. Вале дақиқ нест, ки чанд дарсади онҳо қобилияти корӣ доранду бо шуғл таъмин ҳастанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.