Роҳбари Кумитаи паноҳҷӯёни Афғонистон дар Душанбе зарбулаҷали 15-рӯзаи мақомоти тоҷик ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ барои тарки Тоҷикисторо бепоя хонда, гуфт, дар ин замина “касе аз паноҳҷӯён ба Кумита шикоят накардааст”.

Хабари барои тарки Тоҷикистон кардани паноҳҷӯёни афғонистонӣ 15 рӯз муҳлат додани мақомоти Тоҷикистонро хабаргузории “Khaama press”-и  Афғонистон нашр карда, гуфт, “ин иқдом дар миёни ҳазорҳо муҳоҷири афғонистонӣ, аз ҷумла онҳое, ки ҳуҷҷатҳои қонунии иқомат доранд, нигарониҳои ҷиддиро ба бор овардааст”.

“... мақомоти Тоҷикистон аз ҳафтаи гузашта боздошти муҳоҷиронро дар минтақаҳое чун шаҳраки Ваҳдат, ки қисми зиёди муҳоҷирон он ҷо зиндагӣ мекунанд ва ҳамчунин, дар ноҳияи Рӯдакӣ дар Душанбе шадидтар кардаанд. Бисёре аз афрод бидуни огоҳии пешакӣ ва ё имкони шикояти ҳуқуқӣ аз ҷойи кори худ боздошт ва ба Афғонистон бозпас фиристода шудаанд”, - навишт ин хабаргузорӣ.

Аммо ин хабаргузорӣ нагуфтааст, ки сарчашмаи иттилоъ кӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, Мусаввир Баҳодурӣ, роҳбари Кумитаи паноҳҷӯёни Афғонистон дар Душанбе, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” зарбулаҷали мақомоти тоҷик ба паноҳҷӯёни афғонистониро рад карда, гуфт, “дар ин замина касе ба ниҳоди зери роҳбарии ӯ шикоят накардааст”.

Мусаввир Баҳодурӣ
Акс аз шабкаҳои иҷтимоӣ

 

Дар Сафорати Афғонистон дар Душанбе ҳам ба “Азия-Плюс” кӯтоҳ посух доданд, ки дар бораи “зарбулаҷали мақомоти тоҷик” иттилое надоранд.

Талоши мо барои дастрас кардани шарҳи расмии мақомоти Тоҷикистон бенатиҷа анҷомид.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки хабари ихроҷи паноҳандагони афғонистонӣ аз Тоҷикистон расонаӣ мешавад. Баҳори соли ҷорӣ ҳам расонаҳои Афғонистон аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон хабар дода буданд. Он замон ҳам мақомоти Тоҷикистон ин хабарро расман тасдиқ ё рад накарда буданд.

Он замон Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон аз Тоҷикистон хоста буд, ки аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ ба кишваре, ки ҷонашон дар хатар аст, ҷилавгирӣ карда, онҳоро ба кишвари сеюм фиристанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои ғайрирасмӣ ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор шаҳрвандони Афғонистон паноҳанда ҳастанд ва онҳо асосан дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ муқим мебошанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.