Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Сарфи назар аз болоравии маводи сӯхти ҳавопаймоҳо, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ояндаи наздик нияти афзудани қимати чиптаҳои ҳавопаймоҳоро надоранд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, иқтисодчиёни ширкат як таҳлиле доир сохта, ба хулосае расидаанд, ки болоравии арзиши маводи сӯхт, наметавонад ба афзоиши тарофаҳо боис гардад, зеро гап сари он аст, ки чанде қабл ширкат арзиши роҳкиро ба хатсайри ҳавоии самти Маскав ва Истамулро афзуда буд ва айни замон барои ин ҳеҷ зарурате нест.
Аз ҶСК «Тоҷик Эйр» дар робита ба ин масъала иттилоъ доданд, ки «феълан тарофаҳои мавҷуда мавриди омӯзиши мақомоти раҳбарӣ қарор дорад, вале алҳол сухан сари афзудани он намеравад, зеро дар сурати афзудани қимати чиптаҳо, ширкат метавонад мизоҷони худро аз даст диҳад, вале ба ҳар ҳол, метавон дақиқан гуфт, ки болоравии маводи сӯхти ҳавопаймоҳо бешак ба даромади ширкат таъсири манфӣ хоҳад гузошт».
Намояндаи расмии ширкати «Air Baltic», директори ҶДММ «Глобал транс»-и Латвия дар Тоҷикистон Мирзоалӣ Маҳмудов дар сӯҳбат бо хабарниори ОИ «Азия-Плюс» зимни шарҳи масъалаи мазкур чунин ибрози андеша намуд, ки ба мақомоти раҳбарии ширкат бобати болоравии арзиши маводи сӯхти ҳавопаймоҳо огоҳинома ирсол гардидааст, вале сиёсати нархгузории ширкати мазкур аз ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба куллӣ тафовут дорад ва арзиши чипта ба мӯҳлати хариди он вобаста аст, яъне то кадом фосилае мӯҳлати парвоз дертар бошад, то ҳамон андоза қимати чипта пасттар аст. «Мақомоти раҳбарии ширкати «Air Baltic» қимати чиптаҳоро зиёд намекунад, зеро тарофаҳо ба чиптаҳои ҳавопаймоии ширкат бо назардошти ҳамаи тағйирот дар бозори ҷаҳонии маводи сӯхти ҳавопаймоҳо муқаррар шуда буданд», - афзуд ҷаноби Мирзоалӣ Маҳмудов.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ширкати таъминкунандаи сӯзишворӣ» (ШТС) ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро огоҳ сохт, ки шурӯъ аз 10-уми июн арзиши сӯзишвории ҳавопаймоҳо барои 1 тонна аз 1 ҳазору 660 то 1 ҳазору 700 доллари ИМА боло меравад.
Директори ширкати мазкур Муҳаббатшо Абдулхаев хабар дода буд, ки захираҳои сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо, ки моҳҳои марту апрели соли равон ворид шуда буданд, то аввали мохи июн кифоя аст ва бо воридоти миқдори нави сӯзишворӣ аз Русия арзиши он боло хоҳад рафт, зеро 90%-и ин навъи сӯзишворӣ маҳз аз Русия ворид гардида, таври маълум ин кишвар боҷҳои содиротии гумрукиро афзудааст, ки иллати аслии болоравии арзиш низ ба он асос меёбад.
Аз "Муҷассамаи ишқ"-у "Дар орзуи падар" то "Дов". 10 филми ҳунарии беҳтарини тоҷик, ки бояд тамошо кард
Аз ҷой барнахостани намояндаҳои Толибон ҳангоми пахши сурудҳои миллии Эрону Покистон баҳсбарангез шуд
Либосу борхалта, куртаҳо ва матоъи миллӣ. Фестивали атласу адрас дар Душанбе
Як мард барои куштори зани ҳомилааш 25 сол равонаи зиндон шуд
“Груз-200” аз Украина. Ҷасади ду тоҷики дигарро ба Ватан оварданд
Баррасии ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва истирдоди ҷинояткорон. Мулоқоти Игор Краснов бо Юсуф Раҳмон
Тоҷикистон истеҳсоли биринҷро зиёд кардааст, вале ҳоло ба содироти он омода нест
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Болотарин кайфари гуноҳ"
Дар КҲФ сабабҳои тез-тез сабт шудани заминларзаро дар ВМКБ шарҳ доданд
Театрҳои кишвар бо кадом намоишнома мавсими нави театриро оғоз мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста