Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Ҳукумати Тоҷикистон баҳри қарздиҳӣ ба бахши кишоварзӣ аз 90 млн. сомонии пешбинишуда дар буҷаи давлатӣ 80 млн. сомонӣ ҷудо кард, ки ба рушди ҳамаи соҳаҳо – пахтакориву чорводорӣ, боғдориву токпарварӣ ва ғайра равона хоҳад гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати сиёсати буҷавӣ дар соҳаҳои иқтисоди Вазорати молияи ҷумҳурӣ Темуралӣ Авғонов хабар дод, мутобиқи қарори содиршудаи ҳукумати ҶТ, вазорат ба бонкҳои тиҷоратӣ воистаҳои пулӣ ихтисос медиҳад, ки дар навбати худ, онҳо онро ба қарздиҳии бахши кишоварзӣ равона хоҳанд кард. «Ҳаҷми фоизи солонаи қарз ба кишоварзон 10% -ро ташкил медиҳад», - гуфт ӯ.
Авғонов таъид сохт, ки айни замон дар Вазорати молия дархостҳои бонкҳо бобати ихтисос додани қарзҳои ҳукуматӣ мавриди баррасӣ қарор дошта, пас аз анҷоми он миёни вазорат ва бонкҳо созишномаҳо ба имзо хоҳанд расид.
Солҳои қаблӣ ҳукумати кишвар тавассути бонкҳои ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Ориёнбонк», БДА «Амонтбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон», «Тоҷпромбонк» ва ҶСК «Бонки Эсхата» қарздиҳӣ ба бахши кишоварзиро амалӣ сохта буд.
Қобили зикр аст, ки солҳои 2008-2010 тавассути бонкҳо ҷиҳати маблағгузории бахши кишоварзӣ 430 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд. Соли гузашта ихтисос додани 130 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд, вале дархости бонкҳо 110 млн. сомониро ташкил дод.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста