Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Бадшавии муваққатии сифати алоқаи ширкати мобилии Tcell  ба корҳои таҷдиди шабака марбут аст, - хабар доданд ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур.

«Айни замон корҳои таҷдиди шабака идома доранд, - гуфт манбаъ. – Дар робита ба баргузории корҳои техникӣ, бад шудани сифати алоқа ва қатъи кӯтоҳмуддати он имкон дорад. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба суръати иҷрои ин корҳо вусъат бахшем, то сифати алоқаро дар ҳаҷми пурра барқарор созем».

Дар ширкат бо такя ба сирри тиҷоратӣ аз пешниҳоди ҷузъиёти дигар дар ин хусус худдорӣ карданд.

Зимнан зикр гардид, ки агар муштариён бобати бад шудани сифати алоқа шикояти мушаххас дошта бошанд, метавонанд беовсита ба ширкат муроҷиат намоянд, то ки мутахассисони техникӣ саривақт мушкилоти мавҷударо ҳал созанд.