Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Маркази нави хизматгузорӣ (Сall center) боз шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур иттилоъ доданд, ҳадаф аз ифтитоҳи маркази мазкур беҳбуд бахшидан ба сатҳу сифати хизматгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳайати шахсӣ аст.
«Акнун ҳар як хоҳишманд тариқи занги телефонӣ ба оператори ширкат дар бораи ҷадвали хатсайрҳо, арзиши чипта, эҳтимоли мавқуф гузоштани парвозҳо ва ғайра маълумот дастрас карда метавонад. Рақами телефони оператор – 905-100-200 аст», - гуфтанд дар хадамоти матбуоти ширкат.
ЧСК «Тоҷик Эйр» ба интиқоли мусофирон, бағоҷ ва бор, инчунин хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоӣ равона гардидааст.
Васеъшавии ҷуғрофияи парвозҳо ва таъмини бехатарӣ, боэътимодӣ ва бароҳатӣ вазифаҳои асосии ҶСК «Тоҷик Эйр» ба ҳисоб мераванд, ки стратегияи рушди онро муайян месозанд.
Дар ширкати ҳавопаймоии «Таджик Эйр» ҳавопаймоҳои - Ту-154М, Як-40, Ан-24, Ан-26, Ан-28, «BOEING -757-200», «BOEING -737-500», инчунин чархболҳои МИ-8 МТВ ва МИ-172, МИ-8Т мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» мунтазам парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои Русия – Маскав, Санк-Петербург, Екатеринбург, Сочи, Сургут, Самара, Новосибирск, Иркутск ва ҳамчунин шаҳрҳои Бишкек, Алмаато, Теҳрон ва Шарҷаро ба анҷом мерасонад. Дар хатсайрҳои дохилӣ парвозҳо ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Хоруғ ба иҷро расонида мешаванд.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста