Мӯҳлати мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон ба муддати якуним сол – аз моҳи сентябри соли равон ба моҳи декабри соли 2012 мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Маркази татбиқи лоиҳаҳо оид ба таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ Рустам Абдуллоев хабар дод, мӯҳлати ба истифода додани нақб бо дархости паймонкори генералӣ ширкати «China Road»-и Чин ва маркази зикршуда дароз карда шудааст. «Сабаби муроҷиат барои дароз кардани мӯҳлат ба ҳукумат дар он ифода меёбад, ки сохтмончиён ба ҷинсҳои мулоими кӯҳии маҳаллӣ дар дохили нақб дучор омаданд, ки ин ба иҷрои корҳо мушкилоти зиёд эҷод кард», - гуфт Р. Абдуллоев.

Номбурда таъкид кард, ки айни замон дар ҳудуди 4 ҳазору 900 метри нақби асосӣ ва нақби ҳавософкун корҳои насбу сохтмон ба анҷом расонида шуда, дар масофаи 4 ҳазору 447 метр корҳои бетонрезиву сохторӣ ба иҷро расидаанд.

Ёдрас мекунем, ки нахуст мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» ахири соли 2010 ба нақша гирифта шуда буд, вале бо дархости паймонкори генералӣ он ба моҳи сентябри соли 2011 мавқуф гузошта шуд.

Нақби «Шаҳристон» дар километи 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад.

Сохтмони нақби мазкур расман дар санаи 2-юми августи соли 2006 оғоз гардид. Мутобиқи лоиҳа, арзиши мумии лоиҳаи сохтмони нақб 175 млн сомонӣ (51,7 млн. $)-ро ташкил медиҳад.