Ба ҳолати 1 сентябри соли равон бақияи умумии қарзҳо тамоили афзоишро идома дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 33,8 фоиз зиёд шуд ва ба 4,5 млрд. сомонӣ расид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, афзоиши ҳиссаи қарзҳои дарозмӯҳлат назар ба қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат бештар мебошад.

Ба иттилои манбаъ, инчунин фоизи миёнавазни қарзҳо назар ба ҳамин санаи соли гузашта дар маҷмӯъ ба андозаи 1,3 банди фоизӣ паст шуда, бо пули миллӣ ба 23,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 22,1 фоизи солона баробар шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ 1,6 млрд. сомонӣ қарзҳои хурд дода шуд, ки дар қиёс ба ҳашт моҳи соли гузашта 37,6 фоиз зиёд аст ва аз он 358,5 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд.