Зимни кори Ҳамоиши байнулмилалӣ оид ба агробизнес дар Тоҷикистон муовини нахуствазири кишвар Муродалӣ Алимардон изҳор кард, ки айни замон фермерони тоҷик дар интихоби кишти зироат озоданд.

«Аксар вакт мегӯянд, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ ба фаъолияти фермерон дахл мекунанд, вале зимни баргузории ислоҳоти бахши кишоварзӣ мо гурӯҳҳои корие таъсис додем, ки бо ҳукуматҳои маҳаллӣ кор карданд. Дигар чунин мушкилот вуҷуд надорад ва имрӯз фермери мо дар кишти навъи зироат озод аст», - гуфт ӯ.

М. Алимардон зикр кард, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмонҳои мададрасони байнулмилалӣ баргузории ислоҳот дар бахши кишоварзиро идома медиҳад, зеро «то ҳанӯз масоили зиёде мавҷуданд, ки бояд ҳал шаванд».

«Мо кӯшиш мекунем, ки фермер соҳиби ҳақиқии замин гардад, барои онро ба сифати гарав гузоштан ҳуқуқ дошта бошад, ба мерос гузорад ва бо шартҳои бозор онро ба ҳукумат фурӯшад», - изҳор кард муовини нахуствазир.

Ба қавли М. Алимардон, ҳамчунин масоили ҳалношудаи марбут ба бимаи замин, ташкили лизинги молиявӣ ва техникӣ ва масоили маблағгузорӣ низ ҷой доранд, ки ояндаи наздик роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд.

Дар робита ба масъалаи сармоягузорӣ ба бахши кишоварзӣ, М. Алимардон қайд кард, ки Тоҷикистон баҳри беҳбуди муҳити сармоягузорӣ санадҳои меъёрии зиёде қабул кардааст ва ба сармоягузорӣ ҳавасманд аст. «Вазифаи асосии имрӯзаи мо дар он ифода меёбад, ки ҳарчи бештар сармоягузоронро баҳри таъсиси корхонаҳои коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, дастгирии чорводорӣ ва парандапаварӣ ҷалб намоем», - афзуд М. Алимардон.

Ҳамоиши дуюми байнулмилалии сармоягузорӣ оид ба агробизнес дар Тоҷикистон ду рӯз идома меёбад.Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳаи Бонки таҷдиду рушди Аврупо таҳти унвони «Барномаи кӯмаки молиявӣ ба бахши кишоварзии Тоҷикистон», Марҳилаи II дар ҳамдастӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, барномаи IFC TAFBEP ва дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо доир мегардад, ки онро Мактаби молия ва менеҷменти Франкфурт амалӣ месозад.

Дар кори ҳамоиш беш аз 200 нафар намояндагони ширкатҳо аз Фаронса, Британияи Кабир, Испания, Швейтсария, Юнон, Афғонистон, Тунис, Туркия, Алҷазоир, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон ва Русия ширкат доранд.