Арзиши бензин дар Тоҷикистон дар қиёс бо моҳи гузашта қариб ба андозаи 9% боло рафт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, айни замон дар шаҳри Душанбе қимати як литр бензини навъи АИ-92 – 7,20 ва АИ-95 – 7,50 сомониро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки арзиши онҳо дар моҳи гузашта мутаносибан ба 6,70 ва 7,20 сомонӣ баробар буд.

Мониторинги нархҳо нишон дод, ки сар аз соли равон арзиши навъи аз ҳама серхаридортарини бензин – АИ-92 ба ҳисоби миёна ба андозаи 59,8% ва нисбат ба моҳи ноябри соли гузашта ба миқдори 69% зиёд шудааст.

Аз мақомоти зиддиинҳисории кишвар хабар доданд, ки қимати бензин ҳанӯз то моҳи ноябр мувофиқа ва тасдиқ шуда буданд.

«Арзиши бензин бояд аз 1-уми ноябр боло мерафт, вале бинобар назардошти идҳо, мо тасмим гирифтем, ки онро каме мутаваққиф созем, то ки он ба нархҳои маҳсулоти дигар низ таъсир нарасонад. Аммо нархҳо хоҳ нохоҳ афзоиш ёфтанд. Ин таҷриба гувоҳи он аст, ки на ҳамеша арзиши маводи сӯзишворӣ ба болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ боис мегардад, балки ин ҷо дигар омилҳо низ мавҷуданд», - гуфт манбаъ.

Ғайр аз ин, дар хадамоти зиддиинҳисорӣ зикр намуданд, ки чун феълан шохаи роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа аз фаъолият бозмондааст, интиқоли бор, аз ҷумла маводи сӯзишворӣ ба ҷануби кишвар ғайриимкон аст ва ин ҳам метавонад ба камбуд ва болоравии қимати маводи сӯзишворӣ дар ин минтақа боис гардад.

«Дар ин ҳол маводи сӯзишворӣ ба минтақаи ҷануби кишвар аз пойтахт интиқол мегардад. Ин боиси хароҷоти иловагӣ гардида, ба арзиши бензин бетаъсир нахоҳад буд», - афзуданд дар хадамот.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории кишвар, айни замон дар бозори маводи сӯзишвории Тоҷикистон ширкатҳои зиёде фаъолият доранд, вале 6-тои онҳо дар он мавқеъи бузург доранд. Инҳо – ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» бо касби 51,9%-и ҳиссаи бозор, ҶДММ «Нури Дилшод» - 5,3% -и ҳисса, ҶДММ «Анахито» - 3,6%-и ҳисса, ҶДММ «Озод Интернейшнл» - 4,6%-и ҳисса, ҶСП «Хонақоҳ маҳсулоти нафтӣ» - 4,4%-и ҳисса ва ҶДММ «Умед-88» - 2,3%-и ҳиссаи бозор мебошанд. Ба дигар субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ 27,7%-и ҳиссаи ин бозор рост меояд.