Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 6,7 млрд. сомонӣ (зиёда аз 1,4 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 5,5% афзуд.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати истихроҷ – 12,8%, саноати коркард – 67,3% ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об – 19,9%-ро ташкил дод.

Дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар ин давра ба маблағи зиёда аз 2,6 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 18,3% бештар аст.

Дар корхонаҳои коркарди нахи пахта ҳаҷми кор дар ин давра беш аз 956 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2010 ба андозаи 13% зиёдтар аст.

Дар корхонаҳое, ки тобеи Вазорати энергетика ва саноат нестанд, дар ин давра ба маблағи ҳудуди 1,2 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 11,7% бештар аст.

Зимнан зикр гардид, ки аз 83 номгӯйи муҳими маҳсулоти тавлидӣ дар моҳҳои январ-ноябр ҳаҷми истеҳсоли 51 номгӯйи маҳсулот (61,5%) афзуда, дар 29 номгӯй (34,9%) ҳаҷми истеҳсол коҳиш ёфтааст ва 3 номгӯйи маҳсулот (3,6%) истеҳсол нагардидааст.