Тайи моҳҳои январ-ноябри соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 9,1%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра қимати маводи ғизоӣ ба андозаи 10,% ва дигар маҳсулоти ғайриғизоӣ дар ҳаҷми 7% афзуда, афзоиши тарофаҳо ба хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ 9,2% зиёд шудаанд.

Суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ 0,8% (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,8%)-ро ташкил дод.

Дар Агентии омор таъкид карданд, ки моҳи ноябр нрхҳои истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 0,2% зиёд шудаанд. Аз ҷумла, арзиши маҳсулоти ғизои ба андозаи 0,1 ва маҳсулоти ғайриғизоӣ ба миқдори 0,7% афзуда, қимати тарофаҳо ба хизматгузории пулакӣ дар ҳаҷми 0,7% поин рафтаанд.

Ҳукумати кишвар ният дошт, ки то ахири сол мизони таваррумро дар сатҳи 7% нигоҳ дорад, вале дар миёнаи сол он то ба 11% тасҳеҳ гардид.

Хазинаи байнулмилалии асъор пешбинӣ мекунад, ки имсол сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 13,5%-ро ташкил дод. Соли гузашта сатҳи таваррум ба 9,8% баробар буд.

Қобили зикр аст, ки арзиши маҷмӯи маҳсулоти сабади истеъмолӣ барои як узви оила ба ахири моҳи октябр 121 сомонӣ (25,4 $) ва дар ҳолати меъёри истеъмоли маҳсулоти серғизо 257 сомонӣ (54,1 $)-ро ташкил дода буд.