Ширкати Tethys Services Tajikistan нафти Тоҷикистонро, ки дар Балҷувон истихроҷ мегардад, бо қимати 60 доллари ИМА барои як баррел мефурӯшад. Дар ин бора дар сомонаи расмии ширкати Tethys Services Tajikistan хабар дода мешавад.

Гуфта мешавад, дар кони «Биштинчак» (Балҷувон, ҷануби Тоҷикистон) дар як шабонарӯз ҳудуди 600 баррел нафт истихроҷ гардида, фурӯши он тирамоҳ оғоз гардидааст.

«Дар чоҳи BST20 бо истифода аз технологияи муосир корҳои таъмиру тармим гузаронида шуда, чоҳҳое дигаре ҳам, ки дар ин кон мавҷуданд, аз таъмир бароварда мешаванд. Мувофиқи ташхис, кон дар ҳаҷми 11,7 млн. баррел нафт ва 16, 1 млрд. метри мукааб захираи газ дорад», - қайд мегардад дар сомона.

Директори амалиётии ширкат Грем Уолл гуфтааст, бо ҷорӣ сохтани метод ва технологияи нави муосир ҳаҷми истихроҷи нафт афзуда, муяссар шудааст, ки бо хароҷоти камтар даромади хуб ба даст оварда шавад.

Дар ҳамин ҳол, дар дафтари душанбегии ширкати Tethys Services Tajikistan аз додани маълумот дар бораи ба кадом ширкат фурӯхтани нафти кони «Биштинчак» худдорӣ карданд.

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, нафти кони «Биштинчак»  ба ширкати ҶСП «Ҳасан ва Ко» ба фурӯш меравад. Бино ба маълумоти ҳамсӯҳбат, ҳамарӯза ин ширкат аз кони «Биштинчак» 36 тонна нафти хом дастрас мекунад. «Кони «Биштинчак» сар аз соли 1974 то ахири солҳои 80-ум мавриди истифода қарор гирифта, аммо фаъолияташ қатъ гардида буд ва барқарорсозиро тақозо дошт», - гуфтанд дар вазорати мазкур.

Дар ширкати ҶСП «Ҳасан ва Ко» дар робита ба ин масъала изҳор карданд, ки ширкат дорои корхона коркарди нафт буда, нафти аз кони «Биштинчак» дастрасшуда дар ин корхона коркард мешавад. «Мо ба манфиати кишвар кор мекунем. Тамоми нафти коркардшуда (солярка, мазут, бензин) дар бозори дохилӣ ба фурӯш бароварда мешавад», - зикр карданд дар ширкат.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, захираҳои нафт дар майдони Олимтойи Шарқӣ дар минтақаи ҷанубу ғарбии Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,9 млн. тонна нафт пешгӯи мешаванд. Дар Тоҷикистон ҳамасола 20 ҳазор тонна нафт ва то 23-24 млн. метри мукааб газ истихроҷ мегардад, ки ҳамагӣ 2%-и талаботи умумии ҷумҳуриро ба ин маводи сӯзишворӣ ташкил медиҳад.

Тоҷикистон дар як сол ба беш аз 2 млрд. метри мукааб гази табиӣ ниёз дорад. Дар минтақаи ҷанубу ғарби Тоҷикистон зиёда аз 80% захираҳои нафту гази ҷумҳурӣ мутамарказ гардида, 20%-и боқимонда ба минтақаи шимол рост меояд.