Санаи 21-уми январи соли 2012, дар бинои Бонки марказии ҶСК «Ориёнбонк» бо роҳбарии Раиси Раёсати бонк Ҳ. Асадуллозода ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявии бонк дар соли 2011 баргузор гардид, ки дар рафти он ҳисоботи cолонаи ҳамаи филиалҳо баррасӣ карда шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти ҶСК «Ориёнбонк» хабар доданд, дар рафти ҷаласа нишондиҳандаҳои молиявии бонк дар соли 2011 ва нақшаю чорабиниҳо барои соли 2012 муҳокима карда шуданд. Инчунин дастуру супоришҳои Ҳукумати ҶТ барои соли 2012 муҳокима карда шуда, аз ҷониби Раиси Раёсат супориш дода шуд, ки чорабиниҳои мазкур дар фаъолияти бонк барои соли 2012 ба инобат гирифта шаванд.

 Дар соли 2011 бештари нишондиҳандаҳои молиявии ҶСК «Ориёнбонк» нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзудаанд, ки ин далели боэътимод будани Ориёнбонк мебошад. Ба санаи 1-уми январи соли 2012 – активҳои бонк 1 760,5 млн. сомониро ташкил намуд ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 320,0 млн.сомонӣ, ё ин ки 22,2% афзудааст, сандуқи қарзии бонк 684,7 млн.сомониро ташкил намуда нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 138,2 млн.сомонӣ зиёдтар мебошад, ҳаҷми умумии амонатҳои бонк бошад – 717,6 млн.сомониро ташкил намуд, яъне ҳаҷми умумии амонатҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 62,7 млн.сомонӣ зиёд шудааст, инчунин амонатҳои мӯҳлатнок ба санаи 1 январи соли 2012 маблағи 266,5 млн.сомониро ташкил намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 68,1 млн.сомонӣ зиёд шудааст. Сармояи танзимшавандаи бонк ба 1.01.2012 сол 285,7 млн.сомониро ташкил намуд, ки нисбати 1.01.2011 сол ба маблағи 73,9 млн.сомонӣ зиёд шуд. Сармояи оинномавии бонк 277,8 млн.сомониро ташкил намуд ва нисбати 1.01.2011 сол ба маблағи 73,7 млн.сомонӣ афзуда аст.

Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.01.2008 сол таҳти №АП-467 тӯли солҳои зиёд аст, ки Ориёнбонк ба хона-интернатҳои ятимону бепарасторон, маъюбон, нафақахӯрон, шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа ва ташкилотҳои ҷамъиятию таълимӣ кӯмаки доимии хайрия мерасонад. Дар соли 2011 ҳамагӣ ба маблағи 632,5 ҳаз. сомонӣ кӯмаки хайрия расонида шуд.

Дар тӯли соли 2011 Ориёнбонк, ба буҷаи давлат ба маблағи зиёда аз 22,0 млн.сомонӣ андозҳоро пардохт намуд, ки нисбати соли 2010 ба маблағи 9,0 млн. сомонӣ зиёдтар аст.