Ширкати олмонии Alstom Grid бо ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба тарҳрезӣ ва амалисозии лоиҳаи таҷдиди дастгоҳи кушодаи тақсимотии 500 кВ барои нерӯгоҳи барқии Норак қарордод ба имзо расонид. Маблағи умумии қарордод беш аз 30 млн. Евроро ташкил медиҳад.

Тавре дар сомонаи расмии Alstom Grid хабар дода мешавад, зимни амалисозии лоиҳа дастгоҳи пӯшидаи тақсимотӣ бо рӯйпӯш (изолятсия)-и элегазии 500 кВ истифода хоҳад шуд. Лоиҳа аз ҳисоби воситаҳои бурсии Бонки осиёгии рушд маблағгузорӣ мешавад.

«Бинобар сабаби вазъи душвори геологӣ дар макони ҷойгиршавии дастгоҳи кушодаи тақсимотӣ, муддати 30 сол аст, ки хоки зери он фурӯ нишастан дорад ва ба иқтидори нерӯгоҳ таъсири манфӣ расонида метавонад, - гуфта мешавад дар маълумоти сомона. – Дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа дастгоҳи тақсимотии кушода ба дастгоҳи тақсимотии пӯшидаи 500 кВ иваз гардида, он дар болои хоки нисбатан устувортар ҷойгир карда мешавад ва ба интиқоли бехатар ва боэътимоди нерӯи барқ шароити мусоид фароҳам меоварад».

Президенти ширкати Alstom Grid Грегуар Пу Гийом дар робита ба ин масъала изҳор доштааст, ки лоиҳаи мазкур идомаи табиқи лоиҳаи арзишаш 22,4 млн. Евро оид ба ивази дастгоҳҳои тақсимотии 220 кВ аст, ки айни замон дар нерӯгоҳи Норак амалӣ мегардад. «Имзои қарордоди мазкур бобати иҷрои корҳо дар нерӯгоҳи Норак ба таҳкими ҳузури ширкат дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард», - иброз доштааст ӯ.

Бино ба маълумоти сомонаи ширкати Alstom Grid, оғози амалисозии лоиҳаи мазкур аввали соли 2014 дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки нерӯгоҳи обиву барқии «Норак» аз чор се ҳиссаи талаботи Тоҷикистон ба нерӯи барқро таъмин сохта, бо истифода аз технологияи муосир ба таҷдиду навсозии таҷҳизоти асосӣ ва ёридиҳанда ниёз дорад. Нерӯгоҳи мазкур бо иқтидори 3 ҳазор МВт соли 1972 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, агрегати охирини он соли 1979 ба истифода дода шуд.