Чанде қабл Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Иттиҳоди Аврупо оид ба дурнамои макроиқтисодӣ ва сиёсати макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон конфронс доир намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, дар кори конфронс намояндагони Вазорати молия, Бонки миллӣ, Агентии давлатии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, аъзои парлумон, устодони макотиби олӣ, кормандони илмии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва журналистони тахассуси масоили иқтисодӣ ширкат варзиданд.

Дар назди иштирокдорони конфронс Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, Сафир ва Роҳбари ҳайати намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Эдвард Ауэр, намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Ари Айзен, Директори Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ Бахтия Муҳаммадиева ва дигарон маърӯза намуданд.

Ба иттилои манбаъ, чорабинии мазкур як қисмате аз лоиҳаи кӯмаки техникии Иттиҳоди Аврупо – «Рушди моделикунонии макроиқтисодӣ ва пешгӯйӣ дар Тоҷикистон» маҳсуб меёбад.

Дар ҷараёни конфронс намояндагони Вазорати рушди иқтисод зикр карданд, ки солҳои наздик сарфи назар аз таъсири иқтисоди ҷаҳонӣ, ки айни замон ба бӯҳрони начандон назаррас мувоҷеҳ аст, рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи 6-7% дар як сол боқӣ монда, он ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.  

Ҳамчунин сиёсати макроиқтисодӣ ва ҳадафҳои рушди иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии дурнамои макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон, нақши барномаҳои ҳукуматӣ ва ислоҳот ҷиҳати рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моделҳои макроиқтисодӣ ҳамчун воситаи таҳлил ва баҳодиҳии сиёсати иқтисодӣ, ҳадафҳо ва масоили амалии дурнамои макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон, ченкунии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, тамоюлоти макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон низ аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки дар конфронс мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.