Раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров гуфтаҳои директори генералии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» Геннадий Ругин дар бораи бо иқтидори пурра кор кардани ду хатти интиқоли барқ ба Афғонистонро, ки дар маводи ҳафтавори «Азия-Плюс» таҳти унвони   «Таджикистану не хватает света, потому что его воруют?» (№ 21 (708) аз 14-уми марти соли 2011) интишор шуд, рад кард.

«Айни замон аз ду хат танҳо як хатти интиқол таҳти шиддатнокӣ қарор дорад ва ин барои пешгирии дуздии барқ амалӣ мегардад, - гуфт ба ОИ «Азия-Плюс» А.Ёров. – Маълумоте, ки бо такя ба директори генералии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» Ругин дар бораи бо тамоми иқтидор кор кардани ҳарду хатти интиқол дода мешавад, дурӯғе беш нест».

Ӯ ҳамчунин «бо тамоми масъулият» изҳор кард, ки феълан ягон киловатт-соат барқи ҷумҳурӣ ба Афғонистон намеравад.

Раиси ширкат ҳамчунин зикр кард, ки посухи расмӣ ба ин мақола дар сомонаи расмии ширкат ҷой дода шуда, ба ҳафтавор низ ирсол мегардад.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба масъалаи шадид шудани реҷаи истифодаи барқ аз 13-уми март Ёров изҳор кард, ки вазъ ҳамчунон мушкил боқӣ мемонад: маҷрои ҷоришавии об ба обанбори нрӯгоҳи Норак хеле ночиз аст.

«Ҳафтаи ахир сатҳи ҷоришавии оби рӯдхонаи Вахш ба обанбори нерӯгоҳи Норак 70-90 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад», - иброз дошт номбурда ва афзуд, ки то сатҳи ниҳоӣ истифодаи оби обанбор ҳамагӣ  5 метр боқӣ мондааст.