Дар сохтмони корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон рӯз то рӯз сафи коргарони маҳаллӣ меафзояд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика хабар доданд, ҶММ «Ғаюр»-и ноҳияи Ёвон ва Ширкати хитоии «Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент» дар якҷоягӣ Ширкати муштараки «Хуаксин Ғаюр семент»-ро соли 2011 таъсис дода, дар ноҳияи Ёвон моҳи сентябри соли гузашта ва бунёд намудани корхонаи сементбарорӣ шурўъ намуданд, ки иқтидори солона 1 млн. тонна семент ва ҳаҷми маблағгузорӣ 100 млн. долларро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, то имрўз асосноккунии техникӣ- иқтисодӣ анҷом дода шуда, айни замон 25 нафар мутахассисони хитойӣ ва 110 нафар коргарони маҳаллӣ ба корҳои омодагӣ ва тахту ҳамворкунӣ машғуланд. Маблағи то ин вақт азхудкардаи корҳои иҷрошуда 10 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки баъди сохта ба истифода додани завод, зиёда аз 1000 нафар коргарон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шуда, бозори дохилӣ бо сементи хушсифати ватанӣ таъмин мегардад, як қисми он ба хориҷи кишвар содир карда мешавад. Аз ин шумора 80 фоизи онро коргарони маҳаллӣ ва 20 фоизашро мутахассисони хитойӣ ташкил медиҳад.