Таҳти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев оид ба амалӣ гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2014» ҷаласаи муҳокимаи ошкорои парлумонӣ баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар музокирот таъкид гардид, ки имрӯз ба сари ҳар як сокини мамлакат 0,08 гектар замини корами обӣ рост меояд, ки ин дар қиёс бо давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи аз ҳама камтарин мебошад. Дар баробари ин аз соли 2000-ум то соли 2011-ум истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат 2,5 баробар афзудааст.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология Саиди Ёқубзод дар суханронии худ таъкид дошт, ки новобаста ба чораҳои андешидашуда, ҳоло ҳам дар ҷумҳурӣ дар соҳаи мелиоратсия ва захираҳои об мушкилоти ҳалталаб зиёданд. Тибқи маълумотҳо, вазъи мелиоративии зиёда аз 40 ҳазор гектар замин ғайриқаноатбахшу тааассуфовар мебошад.

Номбурда вобаста ба ҳалли мушкилоти дар соҳа ҷойдошта ибрози назар намуда, ҳамзамон пешниҳод кард, ки амалигардонии сиёсати давлат оид ба татбиқи барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва такмили сохтори идораи давлатӣ, инчунин ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати вусъат додани ҷараёни сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар ва ҷалби бештари кӯмаки беруна метавонад яке аз воситаҳои ҳалли мушкилоти соҳа гардад.