Аввали моҳи июн ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба анҷом додани парвозҳо тавассути хатсайри Душанбе-Исломобод-Душанбе оғоз мекунад.

Тавре аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд, парвозҳо дар як ҳафта ду маротиба – рӯзҳои чорашанбе ва шанбе сурат мегиранд. Давомнокии парвоз 2 соату 30 дақиқаро ташкил дода, арзиши билет ба як самт 180 евроро ташкил медиҳад.

«Хатсайри мазкур мутобиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон ва бо мусоидати корпусҳои дипломатии ҳарду кишвар ифтитоҳ мегардад. Ин самти парвоз барои ширкат нав буда, алҳол то кадом андоза зарурат доштани он барои аҳолӣ ва фоидаовар будани он маълум нест», - гуфтанд дар хадамоти матбуоти ширкат.

Ғайр аз ин, ба наздикӣ ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ният дорад, ки парвози ҳавоаймоҳо ба шаҳри дигари Покистон – Қарочиро дубора аз сар гирад.

«Парвозҳо ба шаҳри Қарочӣ моҳи сентябри соли 2001 бинобар сабаби бесуботии вазъ дар Афғонистон қатъ шуда буданд, вале имрӯз ба барқарор кардани парвозҳо ба ин самт шароити мусоид фароҳам аст», - гуфт манбаъ.

Дар робита ба истифодаи кадом навъи ҳавопаймоҳо дар ин самт дар ширкат изҳор доштанд, ки он ба шумори мусофирон вобаста хоҳад буд. «Дар сурати кам будани шумори мусофирон ҳавопаймоии МА-60 ва дар ҳолати зиёд будани мусофирон ҳавопаймои Боинг» истифода хоҳад гардид», - афзуд манбаъ.