Вазири энергетика ва саноати Точикистон зимни иштироки худ дар кори комиссияи байнихукуматии Точикистону Эрон оид ба хамкории тичорати-иктисоди ва фарханги бо як катор вазирони ЧИ Эрон мулокот намуд.

Тавре ба АП аз вазорати энергетика ва саноати кишвар хабар доданд, ба хусус Гул Шерали бо вазири корхои хоричии ЧИ Эрон Алиакбар Солехи, вазири саноат ва тичорат Мехди Газонфари, вазири энергетика Мачид Номчуй ва дигар нафарони воломаком вохури доир намуд. Зимни вохурихо масъалахои вобаста ба пурра ба истифода супоридани НБО Сангтуда-2, анчоми сохтмони Хатти баландшиддати интиколи неруи барки «Точикистон-Афгонистон-Эрон» ва огози сохтмони НБО Айни матрах карда шуданд.

Ба гайр аз ин, масъалахои ба рох мондани хамкори дар самти чустучуй ва истихрочи карбогидридхо, таъсисдихии корхонахои муштараки коркарди нафт ва корхонахои саноати дар Точикистон мавриди баррасии тарафайн карор гирифтанд.

Хамзамон чонибхо масъалаи сохтмони заводи сементро бо иктидори 2 миллион тонна семент дар як сол матрах карданд.

Бахри сохтмони он чониби Точикистон аллакай китъаи замин чудо кардааст. Холо чунин як завод дар Точикистон мавчуд нест. Корхонаи аз хама бузурги Точикистон оид ба истехсоли семент корхонаи Точиксемент мебошад, ки дар солхои 50-ум сохта шуда буд.

Иктидори лоихавии он 1,1 миллион тоннаро дар як сол ташкил медихад.