Ахири ҳафтаи равон чанде аз ронандагон (намояндагони ширкатҳои русиягӣ) ба идораи ОИ «Азия-Плюс» занг зада изҳор карданд, ки ҳаракати беш аз 60 адад автомашинаҳои бузургҳаҷм (фура) бо маҳсулоти ғизойиву доруворӣ ва дигар коло аз Туркия, Қазоқистон, Молдова, Русия ва Украина дар ағбаи Шаҳристон манъ шудааст.

Дар робита ба ин масъала муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёров изҳор кард, ки манъи ҳаракати автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм бинобар сабаби вазъи ғайриқаноатбахши роҳ дар ағбаи Шаҳристон сурат гирифтааст.

«Ин роҳ натанҳо аз гардишҳои тангу ҷаридор иборат аст, балки ба обшавии барф ҳам тобовар нест, бинобар он, бисёр қисматҳояш тез-тез хароб мешаванд», - гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, қаблан ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сафоратхонаҳо ва намояндагони кишварҳои гуногун хабар дода шуда буд, ки айни замон вазъи роҳ дар ағбаи Шаҳристон ба ҳаракати автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм имкон намедиҳад.