Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо кишварҳои Ҳиндустону Афғонистон робитаи ҳавоӣ барқарор мекунад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, парвозҳо тавассути хатсайри Душанбе-Деҳлӣ ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа бо ҳавопаймои Боинг-737 анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 07:30 дақиқа муқаррар шудааст. Давомнокии парвоз 2 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад. Арзиши билет 240 евро аст. Парвози аввалин тавассути ин хатсайр рӯзи 29-уми июн ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз 3-юми июл ширкати «Тоҷик Эйр» ҳамчунин ба анҷоми парвозҳо тавассути хатсайри Душанбе-Кобул низ шурӯъ менамояд. Парвоз ҳар ҳафта рӯзи сешанбе тавассути ҳавопаймои Ма-60 анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз бо вақти маҳаллӣ соати 09:30 дақиқа муқаррар шудааст. Давомнокии парвоз 1 соату 30 дақиқаро ташкил дода, арзиши билет 180 евро аст.