Қатъи муносибат бо Бонки ҷаҳонӣ дар масъалаи ташхиси нерӯгоҳи «Роғун» барои Тоҷикистон мушкил аст, зеро мо бо онҳо дар самтҳои гуногун ҳамкорӣ дорем - изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурӣ Сайфулло Сафаров.

«Ҳарчанд ман шахсан соли гузашта аз ҳисси ватандӯстиву ҳифзи манфиатҳои миллӣ шахсан гуфта будам, ки муносибатҳоро бо ташкилотҳое, ки ба мо дар сохтани ин иншоот монеъа эҷод месозанд, қатъ кардан зарур аст», - иброз дошт ӯ.

Ба қавли С.Сафаров, то дастрас шудани натиҷаҳои ниҳоии арзёбии фаннӣ- иқтисодӣ ва арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи «Роғун» дар он ҷо чизи наве сохта намешавад.

Номбурда дархост кард, ки қаблан аз ин масъала набояд ҳангомаҳо барпо карда шавад. «Бонки ҷаҳонӣ созмони ҷиддиву бонуфуз аст. Натиҷаҳои фосилавӣ, ки аз ҷониби ин бонк пешниҳод шудаанд, набояд ба сифати тасмими ниҳоӣ қабул карда шаванд», - афзуд С.Сафаров.

Ёдрас мекунем, ки Бонки ҷаҳонӣ барои ду таҳқиқоти арзёбӣ ҷиҳати баҳодиҳии ба мақсад мувофиқ будани лоиҳаи Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун (НБО) тибқи стандартҳои байналмиллалӣ, бахусус арзёбии фаннӣ ва иқтисодӣ ва арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ маблағ ҷудо намуд. Тибқи қарордод бо Ҳукумати ҶТ, ду гурӯҳи байналмиллалии коршиносон дар таҳқиқоти арзёбӣ иштирок карда, фикру мулоҳизаҳо ва тавсияҳои худро пешниҳод менамояд. Ғайр аз ин, дар давоми раванди мазкур, кишварҳои ҳавзаи дарёӣ бо маълумот таъмин карда шуда, ба ҷараёни машварат ҷалб карда мешаванд.

Нахуст дар машваратҳои Алмаато пешбинӣ шуда буд, ки Бонки ҷаҳонӣ то ахири соли 2011 натиҷаҳои ташхисро дастрас хоҳад кард, вале моҳи декабри соли гузашта директор оид ба стратегия ва лоиҳаҳои БҶ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ  Теодор Алерс зимни боздид аз Тоҷикистон оид ба масоили раванд ва методологияи гузаронидани таҳқиқот изҳори ташвиш намуд.

Ахири моҳи майи соли ҷорӣ вазири корҳои ҳориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, Тоҷикистон моҳи феврали соли 2013 анҷоми ташхисро интизор аст. «Мо дар ин хусус гуфтушунидҳои зиёд доштем ва акнун умедворем, ки гузориши ниҳоӣ моҳи феврали соли оянда омода мегардад», - гуфта буд Ҳ.Зарифӣ зимни сафар ба ИМА.

Собиқ корманди масъули ҶСК «НОБ Роғун» дар робита ба ин масъала иброз дошта буд, ки «масоили техникӣ»-и зикршуда ба паст кардани сарбанд аз 335 метр то ба 170 метр дахл дорад.

Ёдрас мекунем, ки Ӯзбекистон ба иллати ташвиши рахна шудани сарбанд бар асари заминҷунбӣ мухолифи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аст. Аммо дар Тоҷикистон ин ташвишҳои кишвари ҳамсояро бепоя мехонанд, зеро дар кишвар чунин навъи сарбандҳо муддати чор даҳсола устувории худро собит кардаанд.