Чанде қабл дар Душанбе миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкатҳои чехии «FINAPRA a.s.», «PSP engerneinig», «TESTER ČR s.r.o» ва «ČKD Blansko Engineering, a.s.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, санади мазкур бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ширкатҳои ҳарду кишвар ба тасвиб расид.

«Дар доираи Ёддошти мазкур тарафҳо аҳд кардааднд, ки ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ва кушодани хати қарзӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои истеҳсоли саноатӣ ва энергетика, аз ҷумла сохтмони заводҳои сементбарорӣ ва НБО-ҳо ҳамкориҳои зичро ба роҳ монанд», - гуфтанд дар кумита.

Ба иттилои манбаъ, қарор шудааст, ки тарафҳо дар якҷоягӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ кӯшиш ба харҷ дода, онҳоро бояд ба баррасӣ ва тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “FINAPRA a.s.”, ки маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро ба ўҳда хоҳад гирифт, пешниҳод намоянд.