Дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 928 кило тило истеҳсол шуд, - изҳор кард зимни нишасти хабарӣ вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ.

Ба гуфтаи ӯ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истихроҷи тило дар ҷумҳурӣ ба миқдори 7 кило афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, вазир зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ корхонаи «Тоҷиктило», ки тобеи Вазорати молия аст, нишондиҳандаҳои пешбинишударо иҷро накарда, истеҳсоли тилоро ба миқдори 17 кило коҳиш дод.

Ёдрас мекунем, ки соли 2011 дар Тоҷикистон беш аз 2,2 ҳазор тонна тило истеҳол гардида буд. Бино ба пешгӯиҳои Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, соли равон расонидани истеҳсоли тило ба 2,4 ҳазор тонна ба нақша гирифта шудааст.