Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» - Ба охири нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 127,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба 29,7%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст - гуфт зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев.

Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса ба аввали соли 2012 қарзҳои хориҷии ҷумҳурӣ 49,75 млн. доллари ИМА зиёд шуданд.

«Аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ миқдори қарзҳои бевоситаи давлат 940,53 млн. $ аст, ки аз ҷониби ҳукумат пардохт мегардад. Дар ин самт қарздиҳандагони асосӣ Бонки ҷаҳонӣ (371,27 млн. $), Бонки осиёгии рушд (333,02 млн. $) ва Бонки исломии рушд (103,58 млн. $) мебошанд. Ба охири моҳи июн ҳаҷми қарзҳои дуҷониба 997,60 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин ҷо ҳаҷми асосии қарз ба «Эксимбонк»-и Чин (878 млн. $) рост меояд. Ғайр аз ин, қарзҳои Бонки миллӣ дар назди Хазинаи байнулмилалии асъор 120 млн. $ ва ҳукумати Чин 20 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Боз каме бештар аз 45 млн. доллари ИМА қарзҳое мебошанд, ки таҳти кафолати вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҷалб шудаанд», - таъкид кард вай.

Номбурда зикр кард, ки дар нимсолаи аввал барои пардохти қарзи асосӣ 32,27 млн. ва фоизҳои онҳо 15,27 млн. доллари ИМА маблағ равона гардидааст.