Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» - Амалисозии лоиҳаи CASA-1000, ки дар он сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ миёни Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад, охири соли 2013 ба нақша гирифта шудааст, - гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии чор кишвари узви лоиҳа, ки моҳи майи соли равон дар Дубай таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор гардид, чунин тасмим гирифта шудааст.

«Мо амалҳои минбаъдаи худ аз рӯйи ин лоиҳаро муайян кардем, - гуфт вай. – Ин ҷо мушкилоти маблағгузории лоиҳа ҷой дорад. Аз ин рӯ, мо ба ин чорабинӣ созмону кишварҳои мададрасони зиёдеро, ки қисмате аз онҳо метавонанд дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000 иштирок намоянд, даъват кардем».

Вазир изҳор кард, ки дар чорабинӣ намояндагони ширкати «Интер РАО ЕЭС»-и Русия ҳузур дошта, хоҳиши иштирок дар амалисозии лоиҳаи мазкурро изҳор намуданд.

Гул Шералӣ хотирнишон кард, ки нахуст ин лоиҳаро Бонки исломии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд ва Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) дастгирӣ намуданд, вале чанд моҳ қабл Бонки осиёгии рушд аз иштирок дар ин лоиҳа даст кашид. «Аз ин рӯ, кишварҳои узви лоиҳа ба унвони бонки мазкур оид ба баргаштан ба татбиқи лоиҳа муроҷиатномаи муштарак қабул карданд», - афзуд Гул Шералӣ.

Ёдрас мекунем, ки лоиҳаи CASA-1000 пайвасти шабакаҳои барқии Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон ва минбаъд интиқоли барқ миёни ин кишварҳоро дар назар дорад. Интизор меравад, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани ин лоиҳа нерӯи барқи барзиёде, ки дар Тоҷикистону Қирғизистон истеҳсол мешавад, ба бозори Афғонистону Покистон интиқол дода хоҳад шуд, зеро дар ин кишварҳо камбуди шадиди барқ эҳсос мешавад. Дар лоиҳа истифодаи технологияву таҷҳизоти навтарин баҳри таъмини боэътимоди нерӯи барқ пешбинӣ шудааст.