Қатъи иртиботи телефонӣ бо шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он комилан сабаби техникӣ дорад, - гуфт сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров.

«Ҳангоми рӯйдодҳои ба ҳамагон маълуми шаҳри Хоруғ тир ба симҳо бархӯрдааст, ки ба қатъи алоқа боис гардид», - шарҳ дод ӯ.

Б.Зуҳуров мегӯяд, дар робита ба қатъи алоқа бо Хоруғ аз мақомоти болоӣ ҳеҷ супорише нашудааст. «Ба мо касе супориш дода наметавонад, он ҷо танҳо мушкилоти техникӣ мавҷуд аст», - иброз дошт вай.

Ба суол дар бораи озодона дастрас будани телефони чанде аз мансабдорони давлатӣ Зуҳуров посух дод, ки онҳо телефонҳои гаронбаҳо доранд.

«Чанде аз мансабдорони мо ҳамсаронашонро беҳад дӯст медоранд ва барои худ телефонҳои гаронбаҳо харидаанд, то ки бо онҳо ҳамеша дар тамос бошанд ва аз ин рӯ, телефони онҳо дастрас аст», - қайд кард ӯ.

Роҳбари Хадамоти алоқа итминон дод, ки иртиботи телефонӣ бо Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он ояндаи наздик барқарор мешавад.

«Мо аз хориҷи кишвар 150 адад телефонҳои моҳвораӣ харида, онро дар Хоруғ ва деҳаҳои атрофи он тақсим хоҳем кард, то ки мардум бо хешовандону наздикони худ гуфтугӯ карда тавонанд. Аз ин миқдор бештар телефон харида натавонистем, зеро алоқа хеле гарон аст», - гуфт ӯ ва илова намуд, ки «як дақиқаи гуфтугӯ тавассути телефонии моҳвораӣ 1 $ арзиш дорад».

Ёдрас мекунем, ки иртибои телефонӣ бо шаҳри Хоруғ ва навоҳии атрофи он субҳи 24-уми июл қатъ гардид.