Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид як гурӯҳ журналистони Чин таҳи сарварии Яо Тсин – муовини сардабири маҷаллаи «Контимост»-ро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти Палатаи мазкур хабар доданд, рӯзноманигорони Чин ба ҷараёни омодагии Тоҷикистон баҳри иштирок дар намоишгоҳи ЭКСПО «Чин-Авруосиё», ки аз 1 то 5-уми сентябр доир мегардад, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар робита ба ин Шариф Саид изҳор кард, ки барои иштирок дар намоишгоҳи мазкур ба 500 аъзои Палата даъватнома супурда шудааст. «Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон боз 500 даъватномаи дигар барои иштирок дар ин намоишгоҳ тақсим гардида, айни замон масоили тадорукотӣ ва техникии омодагии гӯшаи Тоҷикистон дар он мавриди ҳаллу фасл қарор дорад», - зикр кард Шариф Саид.

Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ҳамчунин ба жарналистони Чин роҷеъ ба ҷараёни омодагӣ ба баргузории намоишгоҳи Вилояти Мухтори Синтзян Уйғур, ки аз 19 то 21-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумот дод.