Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Руминия дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар Қазоқистон) Николае Уреке масоили роҳандозии ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ ва истифодаи имконоти содиротиву воридотии кишварҳо баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамот матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, дар мулоқот аз ҳаҷми нокофии муомилоти молӣ миёни кишварҳо сухан рафта, ҷавобгӯ набудани он ба имконоти мавҷуда зикр гардидааст.

Шариф Саид пешниҳод кардааст, ки бо мақсади омӯзиши имконоти минбаъд роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба сафарҳои доираҳои тиҷоратии Руминия ба Тоҷикистон ташкил карда шаванд.

«Тоҷикистониён бо маҳсулоти Руминия хеле хуб ошноӣ доранд. Ин қабл аз ҳама мебел, сарулибос, маҳсулоти доруворӣ ва ғайра мебошад. Бо назардошти таҷрибаи корхонаҳои Руминия ташкили истеҳсолоти нав дар заминаи ашёи хоми Тоҷикистон ва эҳёи робитаҳои пешина зарур аст», - изҳор доштааст раиси ПСС ҶТ.