Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби пешниҳоди эъломияҳои андозро дар шакли электронӣ мавриди амал қарор дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи андоз хабар доданд, мутобиқи он, расмиёти пешниҳоди эъломияҳои андоз пурра автоматӣ гардида,  шуда, акнун андозсупорандагон метавонанд  бе ташриф овардан  ба мақомоти андоз эъломияҳои худро пешниҳод намоянд.

Ба иттилои манбаъ, эъломияи андозе, ки дар шакли  электронӣ пешниҳод мегардад  қувваи ҳуқуқӣ дошта,  бо хоҳиши андозсупоранда амалӣ карда мешавад.

«Тартиби пешниҳоди эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ имконияти сарфаи вақти корӣ ва ҳуҷҷатгузории иловагиро ихтисор менамояд», - гуфтанд дар хадамоти матбуоти кумита.

Зикр гардид, ки андозсупорандагоне, ки хоҳиши  пешниҳоди эъломияҳои андозро дар шакли электронӣ доранд, ба КВД «Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз» муроҷиат намуда, ҳамчун муштарӣ дар Маркази сертификатсияи калидҳои кушодаи имзои электронии рақамӣ бақайд гирифта мешаванд.