Дар вилояти Суғд нисбат ба соли гузашта шумори дорандагони кортҳои пластикӣ 2,6 маротиба афзуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд хабар доданд, шумори умумии дорандагони кортҳои пластикӣ дар вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли равон 128 ҳазору 700 нафарро ташкил додааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 45 ҳазор нафар баробар буд.

Айни замон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 233 адад нуқтаҳои истифода аз кортҳои пластикӣ, аз ҷумла 74 адад банкоматҳо ва 64 адад POS-терминалҳо ба аҳолӣ хизматгузорӣ мекунанд.