Тоҷикистон ба воридоти ҳудуди 100 ҳазор тонна гандум, 50 ҳазор тонна шолӣ, 5 ҳазор тонна ҷуворимакка ва ҳамчунин равғани рустаниву нуриҳои минералӣ аз Покистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Бино ба маълумоти нашрияи покистонии The Express Tribune, чанде қабл дар Исломобод зимни мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии роҳбари Агентии захираҳои давлатии моддии ҷумҳурӣ Нурмаҳмад Аҳмедов бо вазири савдои Покистон Махдум Амин Фаҳим чунин изҳори назар карда шуд.

Дар мулоқоти мазкур зикр гардид, ки пас аз обуҳавои номусоиди тирамоҳ ва зимистони соли гузашта вазъ дар Тоҷикистон мушкил гардида, ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Махдум Амин Фаҳим изҳор кард, ки ҷиҳати баррасии масоили нарху ҳаҷми маҳсулот ва роҳандозии ҳамкориҳо вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо ширкатҳои содиротии Покистонро ташкил мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Ассотсиатсияи содиркунандагони шолии Покистон изҳор дошт, ки ба таъмини  Тоҷикистон бо шолӣ дар ҳаҷми дархостшуда қодир аст. Қобили зикр аст, ки то ин дам зироати ғалладона ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ва ба миқдори начандон назаррас аз Русия ворид мешуданд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл ҳукумати Покистон тасмим гирифт, ки ба Тоҷикистон 30 ҳазор тонна шакарро бо арзиши 597,90 $ барои як тонна бифурӯшад ва ин қимат нисбат ба нархи бозори ҷаҳонӣ 20 $ поинтар аст. Ин иқдом дар робита ба дархости нахуствазири Тоҷикистон ба ҳукумати Покистон бобати фурӯши чунин ҳаҷми шакар бо нархи қобили қабул рӯи кор омадааст.

«Сарфи назар аз ҷорӣ шудани маҳдудият дар содироти шакар аз Покистон дар соли 2009, санаи 7-уми августи соли равон Кумитаи ҳамоҳангсозии Покистон ба таври истисноӣ дар бораи қонеъ сохтани дархости Тоҷикистон қарор қабул кард. Аммо Тоҷикистон хароҷоти марбут ба ҳамлу нақли маҳсулотро ба дӯш мегирад», - хабар дода буданд ВАО-и Покистон.

Айни замон дар бозори дохилии Покистон арзиши як тонна шакар ба 535,550 доллари ИМА баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки қимати он дар бозориҷаҳонӣ 617,90 $ барои як тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Созмони ғизо ва кишоварзии СММ, шурӯъ аз моҳи июл дар саросари ҷаҳон тамоили афзоиши босуръати нархи зироати ғалладона ва шакар ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти созмони мазкур, дар муқоиса бо моҳи июн моҳи июли соли ҷорӣ арзиши зироати ғалладона дар бозори ҷаҳонӣ 17% ва шакар ба андозаи 12% афзудааст.