Чанде қабл вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо директори кишварии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон ҷаноби Норимаса Шимомура ва мушовири байналмилалии Барномаи рушди СММ дар ҶТ ҷаноби Келли Чарлз мулоқот анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, Ш.Раҳимзода аз ҳамкориҳои самарабахши соҳа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои бонуфузи СММ, аз ҷумла Барномаи рушд изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар навбати худ, Н.Шимомура бо арзи сипосу арҷмандӣ аз пазироӣ қайд кард, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар сатҳи баланд, бешак барои самаранок ва саривақт амалӣ гардидани лоиҳаҳои муштарак мусоидат хоҳанд кард.

Ҳамзамон, ҷаноби Норимаса Шимомура аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷиҳати ташкили Низоми мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.