Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ба андозаи 0,3 банди фоизӣ паст шуда, дар сатҳи 6,5 фоиз муқаррар карда шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, тағйироти навбатӣ тадриҷан ба паст гардидани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ ва вусъати сиёсати пулию қарзӣ нигаронида шудааст.

Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.

Ёдрас мекунем, ки соли равон маротибаи чорум аст, ки БМТ меъёри бозтамвилро коҳиш медиҳад. Ҳамин тариқ, моҳи феврали соли равон меъёри бозтамвил ба андозаи 0,8 банди фоизӣ – аз 9,8 то 9%-и солона, ахири моҳи март он ба андозаи 1 банди фоизӣ – аз 9%то 8%-и солона, ва моҳи июл ба андозаи 1,2 банди фоизӣ аз 8 то 6,8%-и солона паст карда шуда буд.

Қобили зикр аст, ки меъёрӣ баландтарини бозтамвил соли 2008 ба қайд гирифта шуда, он замон сатҳи он ба 16%-и солна баробар шуда буд.